Бозигари «Истаравшан» аз 3 бозӣ маҳрум, тими «Файзканд» 500 сомонӣ ҷарима шуд (аудио)

Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назорат ва интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қонуншиканиҳо дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои вайрон кардани моддаи 5, банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ, барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии дастаи меҳмон (рафтори нодурусти ҳайати шахсӣ, дар ин ҳолат ҳайати ёрирасоне, ки ҷарроҳатбардоштаро аз майдон интиқол медоданд) дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои Лигаи олӣ «Истаравшан» — «Регар-ТадАЗ» (23-юми апрел), тими «Истаравшан» ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Инчунин, барои риоя накардани моддаи 7, банди 23-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар барқасд задани рақиб ифода шудааст (занбаркаше, ки бозигари «Регар-ТадАЗ»-ро задааст, футболбози  дастаи эҳтиётии «Истаравшан» будааст) дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои Лигаи олӣ «Истаравшан» — «Регар-ТадАЗ» (23-юми апрел), бозигари дастаи «Истаравшан» Умед Муқумов аз ҳақи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум карда шудааст.

Ҳамзамон, барои вайрон кардани моддаи 5, банди 13-и Кодекси интизомии ФФТ, ки дар риоя накардани шарту талаботи Низомномаи мусобиқа дар бозии Coca-Cola-чемпионати-2022 байни дастаҳои Лигаи олӣ «Файзканд» — «Хатлон» (24-уми апрел) ифода шудааст, тими «Файзканд» ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *