Бозии дастаҳои «Хуҷанд» — «Марв»-ро доварон аз АМА ҳакамӣ мекунанд
Ҳайати довароне, ки дар бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Марв» (Туркманистон) кор мекунад, маълум шуд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин вохӯриро ҳайати доварон аз АМА ҳакамӣ мекунад. Довари марказӣ Яҳё Алӣ Муҳаммад Ҳасан Ал-Мулло хоҳад буд. Дар хатҳо ба ӯ ҳамватанонаш — ёварони довари ФИФА Аҳмад Саид Аҳмад Ал-Асал Ал-Рашдӣ ва Алӣ Рашид Муҳаммад Ал-Ҷорн Ал-Нуаймӣ кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Султон Муҳаммад Солеҳ Юсуф Ал-Ҳаммадӣ аз Амороти Муттаҳидаи Араб иҷро мекунад. Маҳюб Содиқ аз Фаластин кори ҳайати доваронро назорат мекунад. Комиссари бозӣ Муҳаммад Абдулло Назмӣ Манго аз Урдун таъйин шудааст. Барои бехатарӣ дар варзишгоҳ афсари амниятӣ (секюрити-офитсер)-и КФО Раҳул Парашар аз Ҳиндустон ҷавобгар хоҳад буд.
Қобили зикр аст, ки бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 миёни дастаҳои «Хуҷанд» — «Марв» 22-юми август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 16:30 оғоз мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ