Бозии санҷишии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии «Газпром»-и Бишкек дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бо тими миллии Қирғизистон бозии дўстона баргузор кард.

Вохўрӣ аз ду қисми 25-дақиқагӣ иборат буд, ки бо ҳисоби 6:5 ба фоидаи футзалбозони Қирғизистон анҷом ёфт. Аз ҳайати тими миллии мо Файзалӣ Сардоров ба номаш хет-трик сабт кард. Некрўз Алимаҳмадов ва Идрис Ёров якголӣ заданд.

Қобили зикр аст, ки дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубии мусобиқаи интихобии Ҷоми футзали Осиё-2022, ки аз 10-ум то 12-уми апрел дар Бишкек баргузор мешавад, тими миллии Тоҷикистон дар гуруҳи «В» баромад мекунад. Ҳарифи дастаи мо дастаҳои мунтахаби Афғонистон (10-уми апрел), Непал (11-уми апрел) ва Ўзбекистон (12-уми апрел) хоҳанд буд. Ду дастаи беҳтарин аз гуруҳ ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳ меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *