Бозии сеюми «Ҷоми Рушд — 2022» дар Минск анҷом ёфт

Футболбозони тими наврасони Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи байналмилалӣ дар Минск бо рақибонашон Беларус бозӣ карданд

 11 феврал мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Рушд — 2022» дар шаҳри Минск бозии сеюмро анҷом дод. Дар ин бора Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар додааст.

Яккачини Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “А” бозӣ мекунад, бо “Динамо”-и Беларус мусовӣ кард. Бозӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.

Ба иттилои ФФТ, футболбозони тоҷик дар нимаи аввал дар ҳисоб пешқадам буданд – 2:0, вале натавонистанд пирӯзиро дар канори худ нигоҳ доранд ва бозиро бо ҳисоби 2:2 анҷом доданд.

Ду голи миллипӯшони кишварро Масрур Ғафуров вориди дарвозаи ҳариф сохт.

Дар даври ниҳоии сабқати гурӯҳӣ, рӯзи шанбеи 12 феврал тими ҷавонони Тоҷикистон бо варзишгарони Қирғизистон рақобат мекунад,итилоъ медиҳад — Sputnik.

Дар ду бозии қаблӣ дар «Ҷоми Рушд-2022» мунтахаби наврасони то 16-сола бо Молдова мусовӣ — 2:2 ва аз Беларус — 2:3 шикаст хӯрд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа 10 даста ширкат доранд. Футболбозони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» дар баробари дастаҳои Беларус (U-16), Қирғизистон (U-16), Молдова (U-16) ва «Динамо-Минск» (U-17) бозӣ мекунанд.

Дар гурӯҳи «В» бошад, дастаҳои Беларус (U-17), Ӯзбекистон (U-17), Гурҷистон (U-17), Исроил (U-17) ва тими Минск (U-17) мебошанд.

Дар ду марҳилаи қаблии мусобиқот футболбозони тоҷик сатҳи баландтарин нишон дода, соли 2020 ҷои дуюм ва соли 2021 ҷомро гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *