Бозии варзишӣ донишҷӯдухтарро аз мӯй ва пӯсти сар маҳрум кард

Расонаҳо менависанд, дар шаҳри Самсуни соҳили баҳри Сиёҳ ҳангоми бозии варзишии «go-kart» дар натиҷаи ҳодисаи нохуш як донишҷӯдухтар аз Туркманистон ҷароҳат бардошт. Мӯи сари духтар зери чархи мошин печида, дар натиҷа қисме аз пӯсти сари вай канда шуд.

Духтар дар бемористон ҷарроҳӣ шуд. Раҷаб Санҷак, сардухтури беморхонае, ки донишҷӯи туркман онҷо ҷарроҳӣ шуд, гуфт, вазъи вай сангин аст.

«Дар натиҷаи мӯи сари донишҷӯ ба чархи мошин печидан, пӯсти сари вай аз наздикии абрувонаш канда шудааст. Ҳоло ӯро ҷарроҳӣ ва пӯсти сарашро дӯхтем», — гуфт табиб.

Дар ҳамин ҳол бархе расонаҳо аз Нурҷамол Анналиева, донишҷӯдухтари туркман нақли қавл меоранд. «Ман бори аввал ба чунин мошин савор шудам. Маро касе огоҳ накард, ки мӯи дарози ман метавонад хатар дошта бошад. Ногаҳон мӯи сари ман ба чархи мошин печид. Касе ба ман нагуфт, ки мӯямро ҷамъ кунам. Ман ба додгоҳ шикоят бурдам», — гуфт Анналиева.

Ин ҳодиса шоми рӯзи 20 июн рух додааст. Расонаҳо мегӯянд, аз рӯи ин ҳодиса парванда оғоз шуда ва тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *