Бозкушоии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ
Дар Душанбе дар ҳошия сафари Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикиро бозкушоӣ карданд.
Ин пажӯҳишгоҳ дар Тоҷикистон фаъолиятро аз соли 1995 оғоз карда, аммо давоми 6 соли охир баста буд. Ин марказ зери назари «Бунёди Саъдӣ» (созмонест, ки ба фаъолияти забони форсӣ дар берун аз Эрон машғул аст) қарор дорад.
Пажӯҳишгоҳ бо иштироки Солеҳи Амирӣ, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Эрон ва Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон бозкушоӣ шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ