Бозорҳо дар марз бо Афғонистон дубора фаъол шуданд
МИҲД-и Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон хабар дод, ки рӯзи 2-юми сентябри соли 2023 бозорҳои наздисарҳадии маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Ишкошим дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дубора ба фаъолият шуруъ кардаанд.
Ин бозорҳои наздимарзӣ беш аз 2 сол боз, аз замони дар Афғонистон ба ҳукумат расидани гурӯҳи тундрави Толибон баста буданд.
МИҲД-и Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гуфт, ки бозорҳои наздимарзӣ бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нав фаъол карда шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ