Бозор фаровон, нархҳо дар осмон. Чаро масъулин хомӯшанд?

Аз даҳаи аввали моҳи октябри соли равон ин ҷониб нархи маҳсулоти ниёзи аввал, аз орду равған, тухму шакар то дигар анвои хӯрданӣ дар бозорҳои кишвар наздики 30% боло рафтанд.

“Сер чӣ парвои гурусна дорад”, — гуфтаанд. Дар ин росто, сохторҳои танзимкунанда ва назоратӣ, аз қабили Хадамоти зиддинҳисорӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти шаҳру ноҳияҳо хомӯшанд. Ҳатто сабаби болоравии нархҳоро шарҳ намедиҳанд, то мардум ба изтироб наафтанду дар ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот тамба нашаванд. Мисли он ки дар давраи пандемияи коронавирус рух дода буд.

 Гунаҳкор яклухтфурӯшон?

Ниҳодҳои масъул  ба даҳон об гирифтаанду бетаваҷҷуҳӣ  мекунанд, ки нархи маҳсулот якбора то 30 фоиз боло рафт. Пӯшида нест, ки набудани назорат ва сиёсати ягона дар бозор қимати анвои хӯрданиро боло бурд. “Чаро нархи маҳсулоти хӯрокворӣ баъд аз интихоботи президентӣ гарон шуд?” –ин суолест, ки ҳамагон нигаронанду посух гирифтан мехоҳанд. Фурӯшандагон дар суҳбат мегӯянд, ки қурби доллар баланд ва маҳсулот камчин шудааст.

“Аз яклухфурӯшон  1 кг шакарро 8-9 сомонӣ, тухм 90 дирам ва 1 литр равғанро 12-14 сомонӣ мегирем. Чӣ гуна онро бо нархи паст фурӯшем? Мақомот онҳоро сахт гиранд, ки нархро гарон накунанд. Анборҳояшон пур аз маҳсулот аст.”, -мегӯяд, фурӯшандае дар бозори “Саховат”. Ин дар ҳолест, ки тақрибан се  ҳафта пеш нархи 1 кг шакар 6-7 сомонӣ, 1 литр равған — 12 сомонӣ, 1 дона тухм — 70-80 дирам буд.

Абдулазиз Самадов, сокини кишвар, ки  ба  мурғпарварӣ машғул аст, сабаби болоравии арзиши тухмро шарҳ дод. Номбурда мегӯяд, хӯрокаи мурғ нисбатан гарон шуд. Он таъсири худро ба нархи тухми мурғ расонд. Ӯ гуфт: “Афсӯс, ки ҳоло хӯрока надорем. Шароит ниҳоят вазнин аст. Хӯрокаи мурғ аз берун ворид мешавад, 30 фоиз қимат шуд. Боз ин бо доллар аст. Бонкҳо бошанд, конвертатсияя намекунанд. Аммо нархи як қуттӣ  тухм дар фабрикаи мо 26 сомонӣ  аст”.

Навбатпоӣ дар ярмаркаҳо

Дар шароити феълии гаронии нарх танҳо  Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи танзими нархҳо дар бозори “Меҳргон”-и Душанбе ва “Саховат” ва назди боғи “Куруши Кабир”  ярмарка-фурӯш ташкил намудааст.  Чун  ин ҷо маҳсулоти ниёзи мардум нисбатан арзонтар фурӯхта мешавад, навбатпоист, мардум хеле зиёданд.  Масалан, як нафар метавонад, ки  танҳо 5 кило шакар ё дигар маҳсулут гирад. Аммо гӯё ҷанг шуда бошад,  халқ мехоҳанд, ки бештар харид намоянд.

Супориши Президент 

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолӣ назди мақомдорон вазифа гузошт. Президенти  Тоҷикистон дар ҷаласаи Ҳукумат, ки 27 октябр баргузор гардид, масъалаи нарх дар бозорҳои ҷумҳуриро ба миён гузошт ва талаб кард, ки онҳо боло бурда нашаванд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Президенти  Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолии кишвар назди мақомдорон вазифа гузошт.  Дар ин маврид иҷрои қатъии супоришҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил аз ҳар як қитъаи он ва дар ин асос зиёд намудани майдони кишти картошка ва зироатҳои дигар, хусусан, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, шолӣ ва ҷуворимаккаи дон ва ғайра зикр шудааст. Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаст, ки самарабахш ва оқилона истифода намудани маблағҳои буҷети давлатӣ боиси рушди иқтисоди миллӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мегардад ва аз тамоми роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъулияти баландро талаб кардааст.

Вале сокинон нигарон аз он ҳастанд, ки баъд аз 10-15 фоиз баланд шудани маоши кормандони буҷетӣ, соҳибкорон нархи  маҳсулотро баланд карданд. Болоравии нарх дар бозорҳои кишвар дар ҳолест, ки ҳоло маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомонӣ ва маоши моҳонаи миёнаи номиналӣ – 1447 сомонӣ аст. Андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 303 сомониро ташкил медиҳад. Пас, худ қазоват кунед, ки магар бо ин маош ва нархҳои осомонӣ мардум зиндагии осоишта карда метавонанд? Дар оилае, ки ба ҳисоби миён 5 нафар ҳастанд, воқеан ҳам, нархи бозорҳо дар шароити имрӯз сангин аст. Дар мавриди маблағи пардохти ҳаққи барқу об, коммуналӣ дар шароити шаҳр ҳоҷати гап нест.   

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *