Бозор Собир гонорарҳояшро гирифт?

 

Шоир Бозор Собир, ки қаблан барои рӯёнидани ҳаққи қаламаш аз болои Кумитаи телевизион ва радио ва нашриёту гурӯҳҳои эҷодӣ шикоят карда буд мегӯяд, ки даъвояш ба фоидаи ӯ ҳал шудааст.

Аммо шоир тафсилоти аз кадом идора чӣ қадар маблағ ситониданашро шарҳ надодааст.

Ёдовар мешавем, ки Бозор Собир  ба шӯъбаи захираҳои зеҳнии Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилӣ зимни пешниҳоди ариза, даъво карда буд, ки Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, нашриётҳои «Адиб», «Истиқбол» ва «Шуҷоъ», ки ососри ӯро нашр кардаанд, ба ӯ ҳаққи қалам пардохт накардаанд. Шоир хоста буд, ки ҳамаи ниҳодҳое, ки ососри ӯро нашр кардаанд, ба ӯ ҳаққи қалам пардохт кунанд.

Аммо Муҳаммадсаид Пирзода, Раиси Кумитаи телевизион ва радио дар сӯҳбат бо «TajikistanTims» гуфта буд, ки бо шоир Бозор Собир қарордоде дар мавриди ҳаққулзаҳмат надорад. Пирзода гуфта буд:

«Бозор Собир бо Кумитаи телевизион ва радио шартномае дар хусуси барномае, ки муаллиф бошад, надорад, ки Кумита ба ӯ ҳаққи қалам диҳад.  Кумитаи телевизион ва радио ба давлат тааллуқ дорад, ташкилоти тиҷоратӣ нест ва вазифадор аст, ки  барномаву чорабинии давлатиро   намоиш диҳад. Аммо маблағи иштирокчиён ва муаллифон  аз ҷониби мутасаддиёни чорабиниҳо пардохт мешавад” (тафсилоти бештар: http://tajikistantimes.com/?p=8308)

Латофат Кенҷаева, раиси нашриёти «Истиқбол» ҳам, даъвои шоирро беасос хонда гуфта буд, ки ҳаққи қалами шоирро пардохтааст. (тафсилоти бештар: http://tajikistantimes.com/?p=8308)

Аммо шоир Бозор Собир ба расонаҳо мегӯяд, ки масъалаи ҳаққи қаламаш ҳал шудааст ва он ҳам ба фоида ӯ.

Дар пайи даъвои Бозор Собир чанде аз адибон ӯро дастгирӣ карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *