Бозор Собир: Интеллигент, яъне атеист!

5 октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили шеъри шоири машҳури тоҷик, баранди Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Бозор Собир баргузор гардид.

Дар ин маҳфил адибон, донишҷӯён, рӯзноманигорон ва умуман алоқамандони ашъори шоир ширкат варзиданд. Ҳамчунин, дар идома Бозор Собир ба як қатор саволҳои иштирокдорон посух дод.

«Buterfly» — шеъри англисии Бозор Собир 

— Устод, дар як муҳлати кӯтоҳ ин бори чандум аст, ки шумо маҳфили шеър баргузор мекунед ва алоқамандони эҷодатонро ҷамъ меоваред. Дар Амрико, ки шумо солҳо он ҷо зистед, муносибат ба шеър ва шоир чӣ гуна аст?

— Дар Аврупо ва Амрико ба шеъру шоир кам диққат медиҳанд. Албатта, шоир доранд, суруд гӯш мекунанд. Дар Амрико чизи аз ҳама зиёд китобхона аст. Як китобхонаи донишгоҳи Вашингтон аз Китобхонаи миллии мо ҳам бузургтар аст. Чунин китобхона дар ҳар як маҳалла мавҷуд аст. Ана, дар ҳамин китобхонаҳо шоирон ҷамъ меоянд, маҳфил мегузаронанд. Аммо амрикоиҳову аврупоиҳо бештар ба наср алоқаманданд. Нависандапарастанд. Он ҷо зиндагии нависандаҳо хуб аст. Мардум зиёд наср мехонанд. Ҳатто, дар Амрико Рӯзи Хеменгуей мавҷуд аст. Дар ин рӯз мардум ба хиёбонҳо мебароянд, тамоми мӯйсафедон худашонро ба Хеменгуей, ришу кулоҳ монда, монанд мекунанд. Адабиёти Амрико ҷаҳонист. Нисфи дунё бо забони англисӣ ҳарф мезанад. Ин далел аст, ки амрикоиҳо дар баробари неруву сиёсат адабиёту фарҳанги рушдкарда низ доранд.

— Тӯли ин солҳо бо забони англисӣ ҳам шеър гуфтед?

— Ҳа, ду мисраъ. Як рӯз бо набераам Ардашер канори уқёнус сайругашт доштем. Якбора як шапарак наздамон пайдо шуд. Ардашер хурсанд шуда фарёд зад:

Buterfly, butterfly.

Ман ҳам гуфтам:

Fly, fly, to sky. 

Яъне:

 Шапарак шапарак,

 Парвоз кун то осмон.

— Ба Тоҷикистон баргашта, ба чӣ хулоса омадед? Бароятон зистан дар Амрико беҳтар  аст ё дар Тоҷикистон?

— Дар ҳардуяш ҳам хуб аст.

Интеллигенти Аврупо ва тоҷик

— Дар асри XXI, дар ин замони пур аз гирудору кашмакашҳову ихтилофҳо равшанфикр кист ва ӯ чӣ рисолат дорад?

— Равшанфикр, яъне интеллигент? Интеллигент мувофиқи таърифи аврупоӣ, яъне атеист! Шахсе, ки пеш аз ҳама бояд атеист бошад! Баъд дигар талаботҳо, аз ҷумла, мактаб хонда бошад, хатмкардаи университет бошад, маданӣ бошад, донишманд бошад. Ин одам метавонад дар ҳар масъала, чи сиёсату тиҷорат, фарҳангу дин, иқтисоду кайҳон бо ту баҳс кунад ва андешаашро гӯяд. Ин аст, таърифи интеллигенти аврупоӣ. Яъне, интеллигент аз интеллигент фарқ дорад. Масалан, интеллигенти тоҷик. Кист ӯ? Шахсе, ки каму беш мактаб хонда бошаду базӯр ягон донишгоҳро хатм кардааст, атр мезанад, нохун мегирад, мӯйҳои гӯшашро тоза мекунад, барои тоҷик интеллигенти калон маҳсуб мешавад.

— Акнун бигӯед, ки шеъри асри XXI чӣ гуна шеър асту чӣ рисолат бояд дошта бошад?  

—  Шеър дар асри XXI бояд ҳамчунине бошад, ки дар асри XX буд. Хусусияти умда ва асосии шеъри асри XXXXI  ин шиор аст. Яъне, шеър аз шуур  рӯ ба шиор овард. Фақат шеъри тоҷик не! Шеъри ҷаҳон чунин хусусиятро гирифт. Ҳар шеър замон дорад. Мо дар замонҳои муайян шеърҳои хонақоӣ, қаландарӣ, орифона ва ғайра доштем. Ин хеле зиёд давом кард, аз Аттор шурӯъ шуда, то Ҷомӣ ҳама шеърҳои мо риндиву қаландариву дарвешиву хонақоҳист. Аммо шеъри асри XXI  — шеъри майдон аст, шеъри инқилоб аст, шеъри хиёбон аст. Ба гумонам, инсоният рӯз то рӯз, ки ба озодӣ меравад, ҳамин шеъри майдону хиёбону тазоҳурот ҳамроҳаш аст.

Шеър «наркотик» аст!

— Шумо борҳо дар суҳбатҳоятон ба шеъри ирфону тасаввуф муқобилият нишон медиҳед. Сабаб чист, ки шумо ин намуди шеърҳоро қабул надоред?

— Сабабаш ҳамон аст, ки аллакай гуфтам. Ҳар шеър замон дорад. Магар мешавад, ки ман дар асри XXI қарор дошта бошаму дар  бораи ирфон фикр кунам. Ҳеҷ як одами фарҳангӣ дар ин давра дар бораи ирфон фикр намекунад. Мутаассифона, чанд соли охир  бо сабаби қафо рафтани ҷамъият шеър ҳам ба қафо баргашт. Ҳама ба ғазалнависиву қофиябозӣ баргаштанд. Аммо гумон накунед, ки ин доимӣ аст, ин муваққатист. Мисол, рафта Роғунро, он ҳама навгониро дида, ғазал навишта мешавад? Дар бораи ташкилоти кайҳоние, ки одамон ба Марс мераванд, ғазал гуфта мешавад? Не! Пешравии дунё вобаста ба саноат аст, ояндаи дунё ҳам дар саноат. Яъне, талаботи имрӯз ба шеъри саноат аст. Барои ин дар асри XX замина фароҳам шуда буд. Масалан шеъри Лоҳутӣ шаклаш кӯҳна буд, аммо мазмунаш иҷтимоӣ, аз Турсунзода ҳам. Аммо баъадан баробари рушди саноат шеъри иҷтимоӣ пайдо шуд ва рушд кард.

Нависанда он аст, дар ин рӯзгор,

Ки шеъре нависад, нависад шиор.

— Талаботҳое, ки гуфтед, дар шеъри замони истиқлол мушоҳида мешавад? Яъне, назаратонро дар бораи шеъри замони истиқлол донистан мехостем

— Чанд шеъре, ки дар бораи сохтмонҳои нақби Анзобу Чормағзак хондам, бад набуданд. Шеъри замони истиқлол шеъре аст, ки аз он бӯйи ватандорӣ, ифтихори миллӣ ояд. Ифтихори миллӣ, масалан дар Афғонистон нест, дар Эрон ҳам нест. Зеро ин мардум дар зери асоратанд. Бо таъсири шӯравӣ мо аз асорат баромадем, аммо инҳо монданд. Дар адабиёти классикӣ ҳам ифтихори миллӣ нест. Мисол, мо дорем сабки ироқӣ, сабки хуросонӣ ва сабки ҳиндӣ. Бахши муҳими адабиёти классикии мо дар ин сабкҳо суруда шудааст. Дар дутои аввал, яъне ироқиву ҳиндӣ, заррае аз ватандориву ифтихори миллӣ нест. Ҳама саропо шеъри қаландарию хонақоҳист. Аммо дар сабки ҳиндӣ ифтихори милӣ моломол аст. Аз Бедил то Иқбол ғурури миллӣ ҷӯш мезанад. Масалан, намояндаи ин сабк шоир Назирӣ мегӯяд:

Гурезад аз сафи мо ҳар ки марди ғавғо нест,

Касе ки кушта нашуд аз қабилаи мо нест.

Ё Ғанӣ мегӯяд:

Ғанӣ аз нанг номи зар нагирад,

Ки номи зар гирифтан ҳам гадоист.

Дар Иқбол ҳам ватандорӣ ҷӯш мезанад. Чаро? Чаро ин ду ғурури миллӣ надоранд, аммо инҳо доранд? Чун шеъри ироқиву хуросониро истилошудаҳо гуфта буданд, мардуми шикастхӯрда, ноумед ва беоянда. Шеъри ҳиндиро баръакс истилогарҳо гуфтаанд. Шоҳони Ҳинд аз Шоҳиҷаҳон то Аврангзеб ҳама истилогаранд ва намояндагони сабки ҳиндӣ шеъри саропо миллӣ мегӯянд.

— Ба фикри шумо шеър чист ва он чӣ вазифа дорад?

— Таърифи шеър зиёд аст, ҳамчуноне ки навъҳои он. Вале аслан шеър куллан ба гурӯҳи «наркотик» дохил мешавад. Фақат шеър не, ба гурӯҳи «наркотик» дохил мешавад, шеър ва ҳама жанрҳои саҳна, мусиқӣ суруд ва ҳамчунин дин. Чаро? Инҳо василаҳоеанд, ки одамро ба ваҷд меоранд, рӯҳияро тағйир медиҳанд, барангеза ҳастанд. Инсонҳоро масту махмуру маланг мекунанд. Шеър барангезанда аст. Кадом инқилоб ҳаст, ки бе шеър гузарад? Шеър ҳамеша гимни инқлобҳост!

— Солҳои охир шумо шеърҳои солҳои пеш навиштаатонро тағйир додед. Сабаб дар чист?

— Ман ин корро бисёр кардам. Як шеърро менависам, баъди чанд вақт мебинам, мехоҳам, як чизи нав, як фикри бикр, як образи нав ворид кунам, яъне беҳтар кунам, аммо рости гап фақат бадтар мекунам. То солҳои наздик ин корро мекардам, ҳоло дигар намекунам, ҳавсала нест, ҳамон шакли аввалааш беҳтар.

— Дар охир назари шуморо мехостем нисбат ба ташаббуси ахири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон оид ба хориҷ кардани аъзои он бидонем.

— Корҳои Иттифоқ ба ман дахл надорад. Аммо суол, ки шуд, чунин посух медиҳам. Агар ман мебудам, фақат Айниву Лоҳутиву Турсунзодаро мемондаму дигар ҳамаро мерондам.

Одили Нозир,

«Тоҷикистон»

 

Дар омади гап»»

Ба муносибати тағйир ёфтани маҷрои Вахш бо дасти Пешвои миллат

Вахшоб даҳанкалонӣ мекард умре,

Кафкаш ба лабон дамида ҳамчун сармаст.

Эмомалӣ худ нишаста дар булдозер,

Чоки даҳани калони дарёро баст.

Чанд рӯз пеш, бо ширкасти шахсони расмӣ, аҳли илму адаб, даҳҳо намонядагони хориҷӣ ва садҳо техникаи замонавӣ маҷрои дарёи Вахш тағйр ёфт, яъне барои сохтмони НОБ-и Роғун замина фарҳам омад. Бори дигар ман тамоми мардуми Тоҷикистонро бо Роғун табрик мегӯям.

Роғун асосан  Оби Гарм аст,

Сарчашмаи Сурхоби Ғарм аст.

Гарм аст, агар на оби ҷӯяш,

Гарм аст дучанд обурӯяш.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *