туризм

Бозори ояндаи сайёҳӣ. Оё Тоҷикистон чунин зарфият дорад?

Русия пас аз сард шудани муносибатҳояш бо аксари кишварҳои Ғарб ният дорад Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистонро ба бозори нави сайёҳӣ табдил диҳад. Дар конфронси нуҳуми ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон коршиносон ва мақомдорони рус бештар аз тавсеаи соҳаи сайёҳӣ миёни ду кишвар ҳарф заданд. Вале ин ҷо суоле сар мезанад, ки оё Тоҷикистон имконияти забт кардани ин бозорро дорад?

Ҳамкорӣ бо русҳо ва ӯзбекҳо

Директори иҷроияи Анҷумани ширкатҳои сайёҳии Русия Майя Ломидзе дар конфронси нуҳуми ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар гуфт, ки барои амалӣ намудани имконоти сайёҳӣ ба Тоҷикистон сармоягузор лозим аст.

Ба гуфтаи вай, табиати афсонавӣ ва мероси нодири фарҳангиву таърихии кишвар “мисли алмосест, ки дар олам назир надорад”.

Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ кам таблиғот мебарад ва боигариву дастовардҳои таърихиву табииро ба таври шоиста муаррифӣ намекунад.

Ба гуфтаи мавсуф, пеш аз ҳама барои рушди сайёҳӣ дар кишвар ҷалби сармоягузорон зарур аст. Вале ба ақидаи ӯ имконоти мавҷуда низ барои ҷалби сайёҳон кифоя аст.

Ломидзе пешниҳод мекунад, ки ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ бояд дар бораи тавсеаи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни ӯзбек ва рус фикр кунанд ва дар бораи ташкили турҳои муштарак андешанд.

«Барои таҳияи барномаву лоиҳаҳои афсонавӣ ҳама имконот вуҷуд дорад»,- таъкид кард ӯ.

Кашфи дувуми Тоҷикистон

Русия интизор дорад, ки табодули сайёҳон бо Тоҷикистонро ба таври ҷиддӣ афзоиш диҳад. Дар ин бора вазири рушди иқтисоди Русия Дмитрий Волвач, ки барои баргузории конфронси нуҳуми ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар ба Душанбе омада буд, зикр кард.

Тавре сиёсатмадор қайд кард, рушди соҳаи сайёҳӣ бояд яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои ду кишвар гардад.

“Ҳама хуб медонанд, Помир, куҳҳои Фон, ин барои онҳое, ки аз замони ҳукумати Шӯравӣ ба сайёҳии куҳӣ машғул буданд ва ё дӯст медоранд, афсона аст. Умедворам, ки мо метавонем мубодилаи сайёҳиро дубора эҳё кунем ва ба таври ҷиддӣ афзоиш диҳем”,- таъкид кард ӯ.

Ба гуфтаи Волвач, «кашфиёти дувум»-и Тоҷикистон барои сайёҳони рус дурнамои хуберо ваъда медиҳад.

Бозор тӯлонӣ холӣ буда наметавонад

Вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников пас аз имзои харитаи роҳ дар бораи рушди сайёҳӣ бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Камолиддин Муъминзод гуфт: «Мо дарк мекунем, ки Тоҷикистон чӣ кишвар аст. Пеш аз ҳама, ин сайёҳии экстремалӣ аст. Таваҷҷуҳи зиёд дорад, русҳо маҳз ба ҳимин хотир меоянд. Ин куҳнавардҳо, одамони экстремал ва ғайра ҳастанд. Мо бояд барои ин заминаи қонунӣ эҷод кунем, зеро барои ворид шудан ба ВМКБ имрӯз иҷозат лозим аст. Мо бояд кори муътадили мутақобиларо ба роҳ монем».

Решетников таъкид кард, ки зарфияти Тоҷикистон сармоягузорони русро низ ба ин кишвар ҷалб мекунад.

“Сармоягузорони рус ба бозори Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд. Муҳим он аст, ки сармоягузорон вориди бозор шаванд, зеро бозор муддати тӯлонӣ холӣ буда наметавонад”,- гуфт ӯ.

Акнун Тоҷикистонро мебояд ин бозорро аз худ карда тавонад, зеро феълан чунин имконият фароҳам омадааст. Шояд барои соҳаи туризми кишвар дигар чунин имконият нашавад…

Диловар ҚОДИРПУР, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *