Бозори Панҷ сухт
Субҳи 5 сентябр бар асари як сӯхтори бузург ҳудуди 40 дӯкон дар бозори марказии ноҳияи Панҷ ба коми оташ рафтааст. Мақомоти ноҳия мегӯянд, сӯхтор асосан растаи дӯконҳои пластикии бозорро ба коми худ кашидааст. Дар се моҳи охир ин бори сеюм аст, ки бозорҳои Тоҷикистон дучори сӯхтор мешаванд.
Дар ҳукумати ноҳияи Панҷ дар сӯҳбат ба хабарнигорон тасдиқ карданд, ки субҳи барвақти 5 сентябр дар бозори марказии ин ноҳия як сӯхтори бузург рух додааст. Бар асари сӯхтор, ба гуфтаи шоҳидон, ҳудуди 40 дӯкон оташ гирифтаанд.
Рухшод Қаландаров, корманди идораи сӯхторнишонии ноҳияи Панҷ ба «Фараж” гуфт: «Феълан вақту соат ва сабаби оташсӯзӣ муайян карда нашудааст. Ҳангоми ба ҷои ҳодиса расидани мошинаҳои обпош ва кормандони мо дар соати 6-и субҳ сӯхтор аллакай дӯконҳоро пурра фаро гирифта буд. Барои муайян намудани сабабҳои оташсӯзӣ дар маҳалли ҳодиса аз ҷониби мақомот тафтишот идома дорад.”
Як намояндаи ҳукумати ноҳияи Панҷ ба рузноманигорон гуфтанд, ки аз сӯхтор асосан дӯконҳои пластикӣ осеб дидаанд: «Азбаски дару девори ин дӯконҳо аз маводи пластикии зудоташгиранда сохта шудаанд, сӯхтор хеле зуд аз як дӯкон ба дӯкони дигар печид. Дар растае ки оташ гирифт, маҳсулоти мухталиф – аз меваву сабзавот то либоусу ашёи мактабу рӯзгор мефурӯхтанд. Ҳоло ҳукумати ноҳия роҳҳои кӯмак ба соҳибкорони зарардидаро баррасӣ мекунад.”
Дар моҳҳои охир ин алакай сеюмин сӯхтори бузург дар бозорҳои Тоҷикистон аст.
Бар асари сӯхтори шаби 31 май дар маркази ноҳияи Фархор ду бозори наву кӯҳнаи ин ноҳия ба коми оташ рафт. Дар маҷмӯъ, бино ба ҳисобҳо, дар ин ду бозор беш аз 200 дӯкон сӯхт.
Ҳамин тавр, рӯзи 3 июл дар як сӯхтори дигар дар бозори «Корвон” – бузургтарин бозори шаҳри Душанбе – беш аз 200 соҳибкор зарар диданд. Сӯхтор 185 дӯкони воқеъ дар даромадгоҳҳои 6 ва 7-уми ин бозорро ба коми худ фурӯ бурд.
Мақомот дар ҳарду сӯхтор дар Фархор ва Корвон расиши ноқилҳои кӯтоҳро сабаби ин ду фалокат номиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ