Бозори “Султони Кабир” боз ба коми оташ рафт (аксҳо+видео)
Субҳи имрӯз, 25 январ “Султони Кабир”, калонтарин бозор дар шаҳри Душанбе ба коми оташ рафт.
Тавре хабарнигори Presssa.tj аз ҷои ҳодиса хабар медиҳад, сӯхтор дар маркази фурӯши қисмҳои эҳтиётии чархҳои мошин ва масолеҳи сохтмонии бозори “Султони Кабир” сурат гирифтааст. Ҳоло алангаи оташ баланд шуда истодааст. Мақомоти сӯхторхомӯшкунӣ ва кормандони милитсия дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Мардумро намегузоранд, ки ба ҷои ҳодиса наздик шаванд.
Ҳоло сабабҳои сар задани сӯхтор маълум нест. Аммо риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ, дар аксар маврид аз омилҳои аслии оташ гирифтани бозорҳои кишвар эълон шудааст. Бори дуюм аст, ки давоми 3 соли ахир дар ин бозори калони пойтахти Тоҷикистон, ки марбут ба соҳибкори шинохта Аваз Кабиров аст, сӯхтор ба амал меояд. Дар сӯхтори моҳи июни соли 2018 беш аз 21 мағозаву дӯкони ин бозор ба коми оташ рафта буд.
Гуфта мешавад, «Султони Кабир» бозори аслии фурӯши маҳсулоти сохтмон ва қисмҳои эҳтиётӣ аст ва дар ин ҷо беш аз 1700 соҳибкор фаъолият доранд.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ