Бозори « Тоҷикматлубот» дар шоҳроҳи Восеъ –Ховалинг

Муовини раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Сангаков, дар нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки бо тақозои замон ва рақобати бозорӣ дар кишвар мавқеи ки дар замони  шӯравӣ аз саҳмгузорони фаъол дар рушди тиҷорати бозорӣ ва коҳишдиҳии нарху навои маҳсулоти кишварзӣ дар кишвар маҳсуб  меёфт, тангтар шуда, ҷойи мағозаву чойхонаҳо ва дӯконҳои онро ашхоси корчаллон хусусӣ карда гирифтанд. Аммо новобаста ба ин, саҳми  Тоҷикматлубот дар захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ барои зимистон назаррас аст. Ба ин мақсад дар баъзе шаҳру навоҳии кишвар сардхонаҳо, корхонаҳои коркарди консервакунонии маҳсулоти кишоварзӣ, бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва такмили ихтисос намудани кормандони соҳа идома дорад. Муассиса дар чорабиниҳои ҳукуматӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ  ва дигар шаҳру навоҳии кишвар саҳми назаррас мегузорд.                                                                                                                           Бо ибтикори «Тоҷикматлубот» дар бозорҳои коммуналии шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашну идҳо ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, барои  муштариён 10-20 фоиз арзонтар аз нархи бозорҳои коммуналӣ манзур карда мешавад.

— Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бунёди чойхонаву бозорҳоро   дар ноҳияҳои кишвар ба қадри имкон ба роҳ мондааст, — гуфт Х. Сангаков. –Барои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бозори деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъро азнавсозӣ намудаем, ки дар арафаи ҷашни таърихиамон б истифода дода мешавад.   Дар ин бозор даҳҳо сокинони деҳоти Ҷамоати Кадучӣ бо ҷой кор таъмин мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *