Бозору марказҳои савдо як ҳафта пас ба кор оғоз мекунанд
Аз 15 июни соли равон ташкилоту муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн ва ғайра ба фаъолият оғоз намоянд.
Ин тасмим 6 июн дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ бар зидди коронавирус, ки таҳти раиси ситод, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода баргузор гардид, сурат гирифт. Гуфта мешавад, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ бо дарназардошти тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон ин қарорро қабул намуд.
Инчунин, дар ҷаласа вазъи эпидемиологӣ вобаста ба сирояти COVID-19 дар қаламрави мамлакат ва рафти иҷрои қарорҳои қаблии Ситоди ҷумҳуриявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Ситоди ҷумҳуриявӣ қарор қабул намуд, ки тадбирҳои пешгирикунандаи сироят аз ҷониби аҳолӣ бо дарназардошти истифодаи ҳатмии ниқоб, маводи безараргардонӣ дар ҷойҳои корӣ ва ҷамъиятӣ, терминалҳои мусофиркашонӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ, бозору мағозаҳо ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ тақвият дода шавад.
Таъкид мегардад, ки бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи қатъии гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ мебошад. Дар сурати риоя нагардидани ин талабот нисбати шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва мансабдорон чораҳои қонунӣ андешида мешавад ва ҷаримабандӣ пешбинӣ мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ