Бозпурсии Гулнора Каримова аз ҷониби прокурори Швейтсария

«Wall Street Journal», маҷаллаи бонуфузи аврупоӣ менависад, ки

Гулнора Каримова, духтари калонии марҳум Ислом Каримовро моҳи гузашта дар Тошканд, прокурорҳои Швейтсария мавриди бозпурсӣ қарор додаанд. Пахши ин иттилоъ дар ҳолест, ки Гулнора Каримова тӯли се сол аст, аз назари ҷомеа дур мондааст ва ҳатто чанде пеш овозаи марги ӯ расонаӣ шуда буд.

Рӯзи 22 ноябри соли гузашта сомонаи «Центр-1»  аз марги Гулнора Каримова хабар дода, навишта буд, ки  духтари 44-солаи Ислом Каримов дар натиҷаи заҳролудшавӣ фавтидааст. Аммо ин хабар чанд рӯз пас аз ҷониби РИА «Новости» ва «Интерфакс» рад карда шуд.

Гулнора Каримова чандест дар моҷарои молии чандмиллиондолларӣ гунаҳкор дониста шудааст, аммо то ҳол мақомот далоили қатъи гуноҳкории ӯро пайдо накарда, ӯро ҳам боре ба бозпурсӣ даъват накардаанд. Аммо Гулнора чандест, ки ба чашм наменамояд ва ҳатто моҳи сентябри соли гузашта дар маросими видоъ бо падараш ширкат карда натавонист, ки ин боиси сарусадоҳои зиёд шуд. Ба иттилои манбаъ Гулнора Каримова дар Тошканд, қарор дошта, ду прокурори швейтсарӣ бо ӯ мулоқот анҷом додаанд.  Григорӣ Мангрет, адвокати  Гулнора гуфтааст, ки худи ӯ бевосита бо зерҳимояаш ду маротиба суҳбат кардааст.

Ба гуфти вай Гулнора Каримова дар як қисми ҳавлии шахсии худ дар Тошканд зиндагӣ мекунад ва саломатиаш ҳам хуб аст. Аммо ӯ ҳуқуқи дидору мулоқотро бо фарзандону пайвандон ва шахсони ғайрро надорад.  «Wall Street Journal» менависад, ки прокурорҳои Швейтсария хабари дидору бозпурсии Гулнораро  тасдиқ кардаанд, аммо аз ҷузъиёташ чизе нагуфтаанд.

Пас аз даргузашти Ислом Каримов ин бори аввал аст, ки духтари ӯ аз ҷониби мақомот мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст ва коршиносон инро ба тағйироти куллӣ дар кишвар унвон медиҳанд. Ба иттилои расонаҳо худи Шавкат Мирзиёев хостааст, ки ин қазия ҳар чӣ зудтар таҳқиқу хотима ёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *