Бозсозии 9 маркази саломатӣ дар Вахш
Дар ноҳияи Вахш дар доираи амалишавии як барнома бозсозии 9 маркази саломатӣ ба нақша гирифта шуда буд. Дар соли 2023-юм се иншооти мавриди назар ба истифода дода шудааст.
Шералӣ Нуров, роҳбари Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш мегӯяд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тҷоикистон ва Рушди барвақтии кӯдак барои сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон бозсозии 9 маркази саломатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ӯ афзуд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ се иншоот ба истифода дода шуд. Боз дар рӯзи Ваҳдати миллӣ ифтитоҳи се маркази дигар ба нақша гирифта шудааст.
“Барои пурра навсозӣ кардани як маркази саломатӣ тақрибан 500 ҳазор сомонӣ масраф мешавад. Баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ марказ бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз карда мешавад”,- афзуд ӯ.
Шералӣ Нуров таъкид кард, ки нуҳ маркази саломатӣ дар панҷ ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Вахш ҷойгиранд. “Ин марказҳо ба таъмири асосӣ ниёз доштанд”,- гуфт вай.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ