Бозёфти нодири таърихӣ дар Искодар
Рӯзи 31.10.2024 зодаи деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ Темурбек Саидӣ ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварда, доир ба мавҷуд будани дахма бо ҷасади мумиёшуда дар мавзеи Сари Майни деҳаи Искодар маълумот медиҳад.
Роҳбарияти МД “Осорхонаи миллӣ” ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ-ҷустуҷӯйӣ ба мавзеи мазкур экспедитсияи бостоншиносӣ ташкил намуд.
Вобаста ба ин, дар асоси Иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ — Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сармутахассиси шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллӣ Бобомуллоев Муҳсин сафарбар карда шуд.
Дар натиҷаи таҳқиқу омӯзиш муайян гардид, ки воқеан, дар мавзеи Сари Майн дахмаи дуҳуҷрадор мавҷуд буда, дар дохили он зиёда аз 20 адад ҷасад (скелет) дафн карда шудааст. Аз миёни онҳо 3 ададашон мумиёшуда буда, 1 ададаш дар ҳолати хеле хуб қарор дорад. Ин ҷасади мумиёшуда дасту пой, пушт ва аз ҳама муҳим, симояш қариб пурра боқӣ мондааст.
Аҳамияти таърихии ин ҷасади мумиёшуда дар он аст, ки чунин бозёфт хеле нодир буда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба кашф шудааст. Ба мисли ин ҷасади мумиёшуда дар Ҳавзаи Тарими Қошғари Чин (ибтидои асри ХХ) ва дар Ҷумҳурии Қирғизистон (1956) бозёфт гардидаанду халос.
Роҳбарияти Осорхонаи миллӣ тасмим дорад, ки ҷиҳати таҳқиқу омӯзиши пурраи мавзеи Сари Майн дар мавсими оянда бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ экспедитсияи илмӣ-бостоншиносӣ ташкил намуда, ҷасади мумиёшударо барои пешкаши тамошобинон гардонидан ба Осорхонаи миллӣ интиқол диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ