«Брат» ниҳоят «бародар» шуду «остановка» «истгоҳ»…
Дар бораи истифодаи забони ноби тоҷикӣ дар гуфтугӯ зиёд гуфтаанду мегӯянд. Зеро барои ҷомеаи мо ин мавзӯи доғ аст. Забони тоҷикӣ забони миллати тоҷик аст ва мо бояд бо ғуруру ифтихор бо он ҳарф гӯем ва пеши роҳи олудашавиву вайроншавии онро гирем.
Беэҳтиромӣ нисбат ба забон беэҳтиромӣ нисбат ба соҳибзабонҳо маҳсуб мешавад. Аммо чӣ фоҷиа, ки ин беэҳтиромиро нисбат ба забони тоҷикӣ худи миллати тоҷик мекунад. Посдории забони модарӣ ва эҳтиром нисбат ба он яке аз мавзуҳои маъмули муҳокимаву баҳсу гуфтугуҳо чӣ дар доираи васеи мизҳои мудаввару олами маҷозӣ, яъне шабакаҳои иҷтимоӣ ва чӣ дар доираи хурди оилаву дӯстон аст.
Барои то ба ин сатҳ овардани забони модарии мо аҳли зиёи кишвар солҳои сол мубориза бурдаанд ва ин мубориза имрӯз ҳам то ҳадде давом дорад. Вале, розӣ шавед, чӣ гуворост чашидани меваи ширини меҳнати чандинсола. Баҳсу мунозираҳо, эзоҳу ҳидоятҳои аҳли зиё ниҳоят самара дода истодаанд. Имрӯзҳо дар кӯчаву бозор, нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳарчи бештар ба ҷойи калимаҳои серистеъмоли русӣ калимаҳои тоҷикиро шунидан мумкин аст. «Брат» ниҳоят «бародар» шуду «остановка» «истгоҳ», «паспорт» «шиноснома» шуду «год рождения» «соли таваллуд». Албатта, ин «бештар» нисбӣ аст ва танҳо дар қиёс ба солҳои пештара дар назар дошта мешавад, вале ин ҳам аллакай як ғалаба аст. Чунин фикр намекунед?
Рӯз аз рӯз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан дар нақлиёт бо истифодаи чунин калимаҳо бештар рӯ ба рӯ мешавам ва ҳар бор аз ин хеле шод мегардам. Мо ниҳоят ба забони худ соҳибӣ карда истодаем ва ин нишонаи хуб аст.
Биёед бештар бо забони модариамон, бо забони ноби тоҷикӣ гуфтугӯ кунем, зеро соҳибзабон будан ифтихори бузург аст!
Меҳрангез СУЛТОНЗОДА,
донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ