Браво, Рустами Эмомалӣ!
“Чунин базмро интизор надоштам”- пас анҷоми базми ҷамшедӣ,намоиши театрикунонидашуда бахшида ба иди байналмиллалии Наврӯз, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” баргузор гашта буд, аз забони меҳмонон садо медод.
Гӯяндагон, аз тамошобини оддӣ то сафиру вазирон буданд. “Аз ваҷд ба рақс омадани Пешвои миллатро дидӣ?”- ба ҳамсӯҳбати худ рӯй овард нафаре.
-Дидам. Аммо раиси шаҳр бисёр ҷавони ором будааст. Бо таҳаммул, оромона кафкӯбӣ мекард.
-Ҳамин хел. Аммо ба чеҳрааш дар манитори бузург диққат кардӣ? Аз нишот шукуфон буд. Охир ин хелашро на танҳо дар “Наврӯзгоҳ”, балки дар тамоми ҷумҳурӣ бори аввал дидем. Ҳам барнома, ҳам ороиши саҳна, ҳам интихоби шеъру оҳанг, ҳам интихоби ҳофизону раққосон. Ҳама нав, ҳама тоза, ҳама дар сатҳи касбӣ.
-Мешудаст ку…
-Медонӣ як гап мегӯям, аммо ба ҳеқ кас нагуй.
-Чи гап?
-Баъзе нотавонбинон овозаю дарвоза карданд, ки “моро роҳ надод, бубин мақомоти шаҳр намоиши наврӯзиро чи гуна провал мекунад”.
-Ҳамин хел “провал” гуфтанд?
-Ҳа, гуфтанд. Ман мехостам баъд аз ин намоиш як бор ба рӯи онҳо назар андозам. Шояд аз шарм дуд мекард…
-Рӯи нотавонбин пардаи ғасф дорад. Дуд ҳам кунад берун намезанад.
Даст ба бозӯям гузошта “Намоиш чи хел”- гуфтани як шиносам, ҳушу гӯши маро аз сӯҳбати он ду нафар канд.
-Амсолашро надида будам, — гуфтам.
-Хусусан феерверк. Агар як озмуни ҷаҳонии феерверк баргузор мегашт, фейерверки наврӯзии Душанбешаҳр соҳиби ҷои аввал мешуд. Беҳтарин, зеботарин, пурмазмуну дорои банду басти мукаммал.
-Ҳама намоиш чунин буд. Аз оғоз то анҷом як асари мукаммали бадеӣ.
-Мардум аз консертҳои дилгиркунанда хаста шуда буданд, интихоб аз рӯи касбият сурат намегирифт.
-Чеҳраҳои шинохтаи санъат набуданд.
-Мағзи гап ҳам дар ҳамин аст. Наврӯз рӯзи нав аст, нигоҳи нав, чеҳраи нав, оҳанги нав, банду басти навро талаб мекунад. Ин намоиш гулчини оҳангу шеърҳои наврӯзӣ аз тамоми ҷумҳурӣ буд. Ман зери суруди яғнобии “Аё Наврӯз” аз ҳаяҷон ба рақс омадани сафири хориҷиеро дар минбар бори аввал мебинам.
Намоиши театрикунонидашуда бахшида ба иди Наврӯз як шаммае аз ҷашнҳои наврӯзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буд. Аммо он мақоми ҷумҳурявӣ дошт. Зеро дастаҳои ҳунарии зиёде аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷамъ оварда шуда буданд. Ва дуруст ҳам буд. Зеро Наврӯз ҷашни ҳама мардуми ҷумҳурӣ аст. Як нуктаро бояд эътироф кард, консерту намоишномаҳои умумиҷумҳуриявие, ки қаблан баргузор мегаштанд, ба ном умумиҷумҳуриявӣ бошанд ҳам, аммо дар доираи шаҳр маҳдуд буданд. Аммо ин намоишномаи Душанбешаҳр ҷашни мардумиро бо тамоми санъаткорони ҷумҳурӣ фаро гирифт. Ва ҳамин тур ҳам бояд бошад. Зеро Душанбе қалби ҷумҳурист ва қалб маркази асосии тамоми узвҳои инсон мебошад.
Ҳоло Барномаи ин намоиши Наврӯзиро дар даст дорам. Дар он номи муаллифони ин намоишнома зикр наёфтааст. Айни замон онҳо зери парда ниҳонанд. Ин хуб аст ё бад? Ман фикр мекунам, ҳам хуб асту ҳам бад. Хуб аз он, ки аз чашми бади рақибони ҳасуд, нотавон, худхоҳ, беҳунар дар паноҳ монданд. Чунки буданд ҳолатҳое, ки чун майсае аз хӯшае сар ба берун мекашид, поймол мегашт. Бад аз он аст, ки ин чеҳраҳо ошкор намегарданд, ки мо бо онҳо ифтихор кунем ва истеъдодҳои дигар шерак шуда аз дунболи онҳо раванд. Аммо ҳофизони ҷавону боистеъдод Толиб Абдуллоев, Хушвахт Гулов, Убайдуллои Каромат, Мадина Ақназарова, Гуласал Пӯлодова, ва чанде дигарон аз ин фурсат истифода бурда, санъати худро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.Ансамблҳои “Гулшан”, ансамбли доирадастони аз Хуҷанд,”Гулрез”, ансамбли рақсии “Фалак”,ансамбли “Яғноб” ва ғайра ин саҳнаи наврӯзиро боз ҳам зебою ҷолибтар намуданд.
Рустами Эмомалӣ! Намоиши театрикунонидашудаи беҳамтои Наврӯзӣ муборакат бод!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ