Браво Тахмина!!!
Даври саввуми озмуни «Ягона аз даҳгона», ки тӯли 2 моҳ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) аз ҷониби сомони tajikistantimes.tj баргузор гардид, бо ғалабаи ҳунарпешаи ҷавону шинохта ва ҳирфаӣ Тахмина Раҷабова анҷом ёфт.
Номбурда бо гирифтани 3188 овози мухлисон ягона аз даҳгонаи навбатӣ шинохта шуд.
Озмуни «Ягона аз даҳгона» ин дафъа бисёр тезутунд ва пурҷӯшу хурӯш гузашт. Дар даври дуввум 10 нафар ҳунармандони ҷавону шинохтаи театру кинои кишвар-Моҳпайкар Ёрова, Мавлона Наҷмиддинова, Абдукарим Машрабов, Тахмина Раҷабова, Набиҷон Пирматов, Фарзонаи Файз, Музаффар Шодиев, Сабина Шаймардонова, Шуҳрати Раҳматулло ва Сироҷиддин Ғаффурӣ ширкат варзида, байни ҳам сабқат намуданд. Ҷойи шубҳа нест, ки ҳама даҳгонаи ҳунармандони ҷавон, ки дар даври дуввуми озмуни мо ширкат карданд, аз беҳтарин ҳунармандони кишвар маҳсуб меёбанд. Моҳпайкар Ёрова, Мавлона Наҷмиддинова ва Абдукарим Машрабовро агар мухлисон бештар дар саҳнаи театр ва экрани телевизион дида мафтуни нақшофарии онҳо гашта бошанд, дигар ҳунармандонро маҳз тавассути кино шинохта, волаю шайдои ҳунарашон гаштаанд. Нақши марказии Фарзонаи Файз дар филми бисёрсериягии Талабшо Муқимов «Беҳуда хорам мекунӣ» дар дилу дидаи мардум маскан гирифт ва ҳунарпешаро маҳбуби ҳамагон сохт. Филми Набиҷон Пирматов «Арӯси замонавӣ», ки дар он нақши марказиро худаш ва Сабина Шаймардонова иҷро мекунанд, дар муддати кӯтоҳ дар саросари ҷумҳурӣ мухлисони зиёде пайдо кард. Нақшҳои офаридаи Музаффар Шодиев, Шуҳрати Раҳматулло ва Сироҷиддин Ғафурӣ низ дар синамо хотирмону дилнишинанд.
Оинаи ҳунарманд ин мухлис аст, аз ин рӯ мо ҳангоми интихоби иштирокчиён даҳгонаи беҳтарин ҳунармандони ҷавони кишварро ба рӯйхат ворид карда, барои интихоби ягона қазоватро ба мухлисон гузоштем, зеро мухлис, тамошобин ва ё аудитория ҳеҷ гоҳ дар интихоб иштибоҳ намекунад.
Хонандагони мо ва мухлисони асили театру кино миёни даҳгонаи довталабон Тахмина Раҷабоваро бо 3188 беҳтарин ва ягона донистанд.
Тахмина Раҷабоваро тамошобин солҳои пеш чун ровӣ мешинохт. Ӯ яке аз ровиёни касбии кишвар аст, ки ахборро бо ду забон мехонад ва солҳои сол дар қалби тамошобинон маскан гирифтааст. Солҳои охир Тахмина дар экрани кино пайдо шуд ва бо офаридани нақшҳои хотирмон ҳамчун ҳунарпешаи ҳирфаӣ машҳур гардид. Нақши марказии офаридаи ӯ дар филми «12 соли интизорӣ»-и коргардони ҷавон Муҳиддини Музаффар беҳтарин нақши занона дар синамои тоҷик дар чанд соли охир аст. Ҳунарпеша образи зани асили боиффати тоҷикро моҳирона иҷро мекунад. Ӯ 12 сол шавҳарашро аз зиндон мунтазир мешавад, ба азобу уқубати зиндагӣ тоқат мекунад, аммо ба болои ин гирифтори туҳмат мегардад. Бо вуҷуди ин, образи офаридаи Тахмина шикаст намехӯрад ва барои расидан ба зиндагии шоиста мубориза мебарад. «12 соли интизорӣ» дар саросари кишвар маъруф гашт ва мухлисони Тахминаро даҳчанд афзуд. Далели онро мо аз интихоби мухлисон дар озмуни «Ягона аз даҳгона» дидем. Ғолибият муборак, Тахмина!
Албатта дигар ҳунармандонро ҳам мухлисонашон танҳо нагузоштанд. Холҳои онҳо дар ҷадвал оварда мешавад.
Маросими супоридани ҷоиза ба Тахмина Раҷабова, ғолиби озмуни «Ягона аз даҳгона» рӯзҳои наздик баргузор гашта, дар шумораи навбатӣ мусоҳибаи махсуси онро бо ин зебосанами ҳунарманд мутолиа хоҳед кард.
Даври чоруми озмуни «Ягона аз даҳгона» миёни ҳаҷвнигорон баргузор мегардад ва аз санаи 02.05.2017 оғоз меёбад. Овоз диҳед ва ҳунармандони писандидаатонро дастгирӣ намоед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ