Бразилия ба ҳадди рекордии гирифторони каронавирус нигоҳ накарда вуруди тайёраҳоро иҷозат дод
Ба ҳадди рекордии шумораи гирифторони каронавирус дар Бразилия нигоҳ накарда, ҳукумати ин кишвар ба хориҷиён иҷози вурудро танҳо бо воситаи тайёра додааст. Дар ин бора «Интерфакс» хабар медиҳад.
Тибқи фармоише, ки дар рӯзномаи расмии кишвар интишор шудааст ва аз ҷониби чаҳор вазир, аз ҷумла Вазири тандурустии Бразилия Эдуардо Пасуэлло имзо шудааст. Дар фармоиш қайд карда мешавад, ки хориҷиён метавонанд тавассути ҳавопаймо ба ин кишвар ворид шаванд. Дар айни замон, ба Бразилия тавассути нақлиёти заминӣ ва обӣ рафтан имконнопазир аст. Манъи воридшави ба ин кишвар тавассути нақлиёти обиву замини то 30 рӯзи дигар амал мекунад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Бразилия дар 24 соати охир, 69,75 ҳолати нави COVID-19 ва 1595 фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, ҳангоми пандемия дар ин кишвар 2 миллиону 552 ҳазор ҳолати сироятёби ба қайд гирифта шуда 90 ҳазору 134 бемор ба ҳалокат расидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ