Британия 31 октябр аз ИА хориҷ мешавад
Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, агар то 31 октябри соли равон дар робита ба бурунрафти Британия аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) созише ҳосил нашавад, пас кишвараш иттиҳодро бидуни он тарк хоҳад кард.
Ҷонсон дар посух ба суоли хабарнигори Reuters, ки оё воқеан ҳам ӯ омодааст, то 31 октябр бо ИА гуфтугӯ кунад, изҳор дошт, «фикр мекунам, иттиҳод қасд дорад, ба имзои созишномаи нав дар охирин лаҳзаҳо розӣ шавад».
Порлумони Бритониё се бор созишномаи сарвазири пешини Бритониё Тереза Мэйро бо ИА рад кард. Ин се раъйгирии ноком бо истеъфои Мэй анҷомид. Ба гуфтаи хабаргузории Reuters, идома ёфтани буҳрони бурунрафти Бритониё аз ИА ба обурӯи Лондон ҳамчун яке аз марказҳои муътабари молии ҷаҳонӣ латма хоҳад зад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ