Британия аз Фаластин узр мепурсад?

Мақомоти идораи мухтори Фаластин тасмим доранд Британияро барои эъломияи Балфур, ки 100 сол пеш роҳро барои таъсиси давлати Исроил боз кард, ба додгоҳ бикашанд. Дар ин бора WAFA — хабаргузории расмии Фаластиниҳо рӯзи 2 ноябр гузориш дод.

Ба маълумоти хабаргузорӣ, Вазорати умури хориҷии идораи мухтори Фаластин, корро бар сари расмиёти додгоҳии Британия, барои «ислоҳи иштибоҳи 100 соли пеш», оғоз мекунад. Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳадафи аслӣ «мутақоид кардани Британия барои узрхоҳӣ ва ҷуброни оқилона аст».

Дар баробари ин, навиштааст хабаргузорӣ, раҳбарони идораи мухтор «изҳори таассуф» кардаанд, ки мақомоти Британия аз таҷлили ҷашни солгарди қабули эъломия даст накашиданд. Ин ҷашнҳо бо иштироки нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар Лондон ҷараён гирифтанд.

Дар остонаи ҷашни садсолагии эъломияи Балфур, дар вилояти мухтори Фаластин алайҳи мавқеъи Лондон дар ин мавзӯъ намоишҳои эътирозӣ баргузор шуданд. Тазоҳургарон парчамҳои Британияро оташ зада, алайҳи Тереза Мэй ва Артур Балфур шиорҳои таҳқиромез партофтанд.

Эъломияи таъсиси давлати Ислрол дар Фаластин 2 ноябри соли 1917 бо пуштибонии вазири умури хориҷии вақти Британия Артур Балфур қабул шуд.

Бознашр аз » Озодӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *