Британия аз Тоҷикистон қувваи корӣ интизор аст (аудио)
Соли равон 500 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода мешаванд. Дар ин бора «Ховар» дар такя аз суҳбати Диёр Норматов директори Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба гуфтаи Диёр Норматов, аллакай 60 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои корҳои кишоварзӣ ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла раводид ба Британияро омода мекунанд.
«Тибқи эълони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи аввал зиёда аз 200 нафар шаҳрвандон интихоб гардиданд, ки ҳуҷҷатҳои онҳоро мо ба Сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон пешниҳод намудем. Сипас аз ҷониби худи ширкат тариқи онлайни ба шаҳрвандон суҳбат намуда, 60 нафари онҳоро интихоб намуданд. Аз шаҳрвандон танҳо донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират талаб карда мешаваду халос»,- гуфт мавсуф.
Ба гуфти Диёр Норматов, хараҷоти сафар аз ҷониби худи шаҳрвандон пардохт карда мешавад. Аз ҷониби корфармо ба тамоми шаҳрвандон ҷойи хоб ва кори доимӣ таъмин мегардад.
Гуфта шуд, ки аллакаӣ 1000 нафар шаҳрвандон барои марҳилаҳои баъдии сафар номнавис гардиданд.
«Дар Британияи Кабир онҳо дар як рӯз то ҳашт соат кор мекунанд ва дар як соат то 12 доллар маош мегиранд. Муҳлати шартномаи мехнатӣ шаш моҳ аст. Пас аз шаш моҳ муҳоҷири тоҷик бояд ба ватан баргардад», — гуфт манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ