Британияи Кабир се моҳи дигар дар Иттиҳоди Аврупо мемонад

Порлумони Бритониё 14 март низ созишномаи бурунрафти ин кишварро аз ИА бо 334 раъйи ҷонибдору 85 раъйи мухолиф дубора рад кард.

Британияи Кабир тасмими аз Иттиҳоди Авруппо берун рафтанашро се моҳи дигар ба таъхир андохт. Ин тасмимро Порлумони кишвар ҷонибдорӣ намудааст.  

Би-би-сӣ дар ин бора хабар дода гуфтааст, ки   тасмими мазкурро  412 вакил ҳимоят карда, 202 нафар зид баромадаанд.  Акнун бояд ба таъхир андохтани бурунрафти Бритониёро ИА низ қабул кунад.

Тереза Мэй, сарвазири Бритониё гуфт, берунрафти кишвараш эҳтимол дорад, барои се моҳ — то 30 июни соли равон ба таъхир афтад. Агар порлумони Бритониё тайи ин муддат низ созшномаи бурунрафтро ба тасвиб нарасонад, Мэй барои ба таъхир андохтани он боз талош хоҳад кард. Вале ба гуфтаи сарвазир, Бритониё маҷбур аст, ин тасмимҳоро бо кишварҳои ИА мувофиқа кунад.

Порлумони Бритониё 14 март низ созишномаи бурунрафти ин кишварро аз ИА бо 334 раъйи ҷонибдору 85 раъйи мухолиф дубора рад кард.

Раъйпурсии бурунрафти Бритониё аз ИА моҳи июни соли 2016 баргузор шуд. 52% (17,41 миллион нафар) гуфтанд, ки Бритониё бояд ҳайати ИА-ро тарк кунад. Шотландия ва Ирландияи Шимолӣ тақрибан пурра ба ҷонибдорӣ аз мондан дар ИА раъй доданд.

Сарвазири вақти Бритониё Дэвид Кэмерон, ки зидди бурунрафти кишвараш аз ИА буд, пас аз эъломи натиҷаҳои раъйпурсӣ аз мақоми худ истеъфо дод ва ба ҷои ӯ Тереза Мэй интихоб гашт. Мэй аз моҳи июни соли 2017 бо ИА гуфтугӯ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *