Бронхит. Хатари илтиҳоби шуш ва астма аз нигоҳи терапевт
Бронхит яке аз бемориҳоест, ки одатан дар фасли зимистон хурӯҷ мекунад. Хурӯҷи сулфаи шадид нишонаи асосии бронхит аст. Доир ба ин беморӣ ва роҳҳои пешгириву табобати он тавсияҳои терапевт Ноҳида Ҳамроалиеваро пешкаши шумо мекунем.
Бронхит бемории пардаҳои луобии найчаҳои шуш мебошад, ки бештар дар пайи сироят ёфтан ба вирусҳо ва бактерияҳо ба вуҷуд меояд. Он метавонад шадид ё музмин бошад.
Ҳангоми бронхити шадид хурӯҷи сулфаи шадид ва беҳолӣ мушоҳида мешавад, ҳарорати бадани бемор метавонад боло равад ё муътадил (аз 36,6 то 37 °C) боқӣ бимонад ва метавонад субфебрилӣ (аз 37 0 то 37,5 °C) бошад.
Бронхити музмин бошад, метавонад бар асари сармохӯрдагии табобатношуда, тамокукашии зиёд, вазъи бади зистмуҳитӣ (олудагии ҳаво бо газ, дуд ва ғ.), фаъолият дар корхонаҳои зарарнок, дар натиҷаи халалдор гаштани нафаскашӣ ба далели сохтори патологии (ғайритабиӣ) болои ҳалқ ва дар пайи такроран гирифтор шудан ба бемории зуком пайдо шавад.
Хатари асосии бронхит дар аворизи он нуҳуфтааст, ки дар бораи онҳо суҳбат мекунем.
1. Ҳангоми бронхити музмин, беморро хурӯҷи тез-тези сулфа азият мекунад. Нафасгирии бемор душвор шуда, ҳангоми сулфа кардан балғами зиёд ҷудо мекунад. Бронхити музмин дар сурати дармон нашудан метавонад ба илтиҳоби шуш бианҷомад. Илтиҳоби шуш бемории хатарнокест, ки ба табобати фаврӣ ниёз дорад. Ҳангоми гирифторӣ ба ин он, инсон лоғар шуда, дар бофтаҳои шушиаш тағйир ба вуҷуд меояд.
2. Яке аз аворизи дигари бронхит диққи нафас (астма) мебошад. Диққи нафас низ бемории хатарнок аст. Хатари бевоситаи он дар ин аст, ки хурӯҷи шабонаи нафастангӣ (хафақон) зуд-зуд такрор мешавад ва метавонад оқибати маргбор дошта бошад. Диққи нафас инчунин метавонад дар кори дил низ мушкилот эҷод кунад ва ҳатто бемор ҳангоми оҳиста роҳ рафтан низ эҳсоси нафастангии шадид мекунад.
3. Аворизи дигари бронхит, ки бештар домангири калосолон мешавад, бемории дили риявӣ (шушӣ) мебошад. Ҳангоми ин беморӣ бештар тарафи рости дил осеб мебинад ва бемор дучори нафастангии шадид ва сардард мегардад. Дили риявӣ (шушӣ) дар навбати худ, дар бофтаҳои дил тағйир эҷод мекунад ва инсонро дучори норасоии кори дил ва сактаи миокорд месозад.
4. Бронхит инчунин метавонад бемориҳои инсидодии (обструктивии) шушро, монанди инсидоди (обструктсияи) найчаҳои шуш, эмфиземаи шуш (омоси шуш), фишори хуни шушӣ ва ғайраро дар пай дошта бошад. Ҳамаи ин бемориҳо дар натиҷаи муолиҷа накардани бронхит ба вуҷуд меоянд.
Аз аворизи бронхит танҳо бо табобати саривақтии беморӣ мешавад худро муҳофизат кард. Бронхитро бо роҳи доруӣ табобат мекунанд ва ҳангоми табобат риояти парҳез, фаъолияти ҷисмонӣ, машқҳо барои тақвияти нафаскашӣ хеле муҳим аст. Муроҷиати саривақтӣ ба бемористон ва машварат бо табибон дар пеширии бронхит ва аворизи хатарноки он нақши бисёр муҳим дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ