Бруселлёз аз куҷо пайдо мешавад?
Дасту поям дард мекунад. Вақте ба духтур муроҷиат кардам, ташхиси бруселлёзро гузоштанд. Бовариам намеояд, ки ба бемории бруселлёз одам низ гирифтор шавад, зеро ин бемории танҳо ҳайвонот мебошад.
Дасту поям дард мекунад. Вақте ба духтур муроҷиат кардам, ташхиси бруселлёзро гузоштанд. Бовариам намеояд, ки ба бемории бруселлёз одам низ гирифтор шавад, зеро ин бемории танҳо ҳайвонот мебошад. Мехостам дар бораи беморӣ ва роҳҳои сироятёбии он маълумот диҳед.
Кароматулло Саидов, н. Қумсангир
Бояд қайд намоем, ки бруселлёз — бемории сироятии аллергетикӣ мебошад, ки баъди гирифтор шудани шахс ба ин беморӣ бештар узвҳои такяву ҳаракат, дасту пой, системаи асаб ва узвҳои ҷинсӣ аз дарди зиёд азият мекашад.
Ангезандаи ин беморӣ бактериячаҳои бруселла мебошанд. Онҳо дар муҳити муқаррарӣ инкишоф меёбаду ба таъсири омилҳои муҳит тобоваранд. Бруселлёз асосан ба одамон ҳангоми истеъмоли ширу маҳсулоти шири чорвои касал ва гӯшти он мегузарад. Ҳатто дар аснои нигоҳубину таваллуд кардани чорво ё куштану пора намудани гӯшти чорвои касал, метавонад сироят ёбад.
Микробчаҳои беморӣ аз организми чорво тавассути пешоб, ахлот, шир хориҷ мешавад. Онҳо дар таркиби шири хом муддати дароз, дар таркиби гӯшт то 20 рӯз мемонад. Давраи ниҳоии беморӣ ҳолати бемор бад шуда, дуру дароз таби баланду табларза ва бисёр арақкунӣ азият медиҳад.
Пешгирии беморӣ вуҷуд дорад?
Пешгирӣ аз ин беморӣ назорати чорво ва аз назари духтур гузаронидани онҳо мебошад.
Санҷиши сифати маҳсулоти чорво ва истеъмол накардани шири хому гӯшти нимпаз, воситаи асосии пешгирии ин беморӣ шуда метавонад.
Ҳангоми пайдоиши нишонаҳои дар боло зикргардида сари вақт ба духтур муроҷиат намудан ҳатмист.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ