Брюс Ли намурдааст, ӯ дар Афғонистон аст

Пайдо шудани Брюс Ли дар Афғонистон мардумро ба ҳайратовард. Чи гуна ӯ дар ин кишвари ҷангзада пайдо шуд? Магар ӯ имрӯз барои мубориза бо Толибон дар ин кишвар тамрин мекунад?

Ин ҷавон аз Афғонистон воқеан ба Брюс Лии афсонавӣ хеле монанд аст. Дар синни 25-солагӣ Аббос Ализода дар шакли аҷибе қарор дорад. Дар зоҳир, вай танҳо ба афсона шабоҳат дорад, аммо дар мавриди қобилиятҳои ҷисмонӣ, муқоиса кардани онҳо ҳанӯз барвақт аст.

Як мухлиси содиқи Брюс Ли

 Монандиҳои зиёде миёни ӯ ва Брюс Ли вуҷуд доранд, зеро Аббос устоди санъати ҳарб ва ҳунарпеша аст. Ӯ дар Кобул дар оилае, ки 10 фарзанд дорад таваллуд шудааст. Аз кӯдакӣ, ин бача танҳо мухлиси як нафар -Брюс Ли буд. Вай пайваста филмҳои ӯро тамошо мекард ва ҳатто аз онҳо санъати ҳарби ин устоди нотакрори майдони каратэро  меандӯхт. Ҳамин тавр, ӯ мустақилона нунчукҳоро азхуд кард ва дар сатҳи хеле олӣ ва барҷаста.

Аббос- Брюс Ли

Ростӣ, ба ӯ сабри зиёд лозим буд. Боре ҳангоми чунин машғулият ба сари худ бо нунчук зада ва аз ҳуш  рафт. Аббос ончунон шефтаи ҳунару санъати бути худ шуда буд, ки худаш бехабар монд. Ӯ на танҳо ҷиману рӯҳан балки шаклан ба таври бениҳоят наздик, зоҳиран ба ӯ монад  буд.

Оилаи ӯ нодор буд. Аз сабаби дар оила набудани пул, Аббос имкони хариди ягон мактаби ҳунарҳои ҳарбӣ ва толори варзиширо надошт. Вай бештар дар кӯча машқ мекард ва ё дар он ҷо ба турникҳо мерафт. Ӯ дар кохи харобшуда, дар Кобул низ машқ мекард.

Дар заминаи чунин тамринҳо Аббос аллакай чун қаҳрамони филмҳо ба назар мерасид. Сипас идеяи актёр шудан дар ӯ пайдо гашт. Дар натиҷаи часпу талошҳояш, дар синни 20-солагӣ продюсерҳо истеъдоди ӯро пай бурда, ба кастинги филми «Бародар Ли» даъват карданд. Метавон гуфт, ки ин нақш махсус барои Аббос тарҳрезӣ шудааст. Охир, талаби асосй бештар ба афсона шабоҳат доштан ва инчунин дорои маҳорати санъати ҳарбй будани ӯ буд. Дар ҳарду самт Аббос комил ва арзанда ҷилвагар шуд. Оҳиста-оҳиста, муваффақият ба ҷавон даст дод. Ба ин филм дигарон низ даъват карда шуданд, вале дар ин ҷо  нақши асосиро  ба Аббос доданд.

Ӯ дигар дар назари бинандагон Брюс Ли буд. Айни ҳол  Брюс Ли барои омӯзиши пурра имкониятҳои бештар дорад. Ҳарчанд Аббос ҳоло имкони хариди толори варзиширо дорад, аммо машқҳои кӯча дар турникҳо ҳамоно шуғли аслии ӯ маҳсуб мешаванд. Вай дар турник пресс кранчҳои гуногунро анҷом медиҳад ва отжиманиҳои мухталиферо иҷро мекунад. Ӯ ҳато бе ягон душвори бо ду ангушт отжмани(фишорболо) қувваозмоӣ мекунад.

Ин ҷавон  вақти зиёдро барои тамринҳои тӯлонӣ сарф мекунад, ки онро ҷанбаи муҳими омӯзиш медонад.

Аббос шабакаҳои иҷтимоии худро фаъолона инкишоф медиҳад. Масалан, ӯ аллакай дар Instagram тақрибан 100 ҳазор пайрав дорад. Дар омади гап, ин ҷавон маъруфияти аввалини худро пас аз аксаш дар сабки Брюс Ли дар Фейсбук пайдо кард. Вай мунтазам аксҳо ва видеоҳоро аз машқҳои худ нашр мекунад.

Шакли ҷисмонии Аббос дар ҳақиқат таъсирбахш аст ва маҳорати ҷангияш низ. Дар оянда Аббос тасмим гирифтааст, ки дар Афғонистон як студияи синамо боз кунад ва ба он ҷо ҷавонони боистеъдодро даъват намояд.

Ҳоло ин ҷавон омӯзиши малакаҳои кунг-фуро идома медиҳад ва орзу дорад, ки  Ҳолливудро  бо ин ҳунари худ мафтун бисозад. Умед бар он мебандем, ки орзуи Аббос амалӣ шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *