Буҳрони иқтисодӣ. Коронавирус ҷаҳонро шикаст, оянда чӣ мешавад?
Ҳамарӯза дар ҷаҳон теъдоди гирифторони коронавирус майли афзоиш доранд. Шумораи ҳалокшудагон низ кам нестанд. Ҳоло ин вабои аср, ки Созмони умумиҷаҳони тандурустӣ онро ҳамчун пандемия ном бурдааст, кишварҳои Аврупоро бештар пахш мекунад. Иқтисоди ҷаҳон бошад, баъди ин вирус миллионҳо доллар зарар дид. Корхонаҳои азим баставу ширкатҳои ҳавопайомӣ муваққатан қатъи фаъолият карданд.
Амрико — зери хатар
Агар аз рӯи раддабандӣ гирем, Амрико ва Италия баъд аз Чин, ки кишварҳои сераҳолӣ маҳсуб мешаванд, ба ин беморӣ сирояти зиёд мебинанд. Ҳукуматдорон тамоми чораҳоро меандешанд, ки ин бемории маразпечро решакан кунанд, аммо мушоҳида мегардад, ҷаҳон як навъ оҷиз мондааст. Ҳатто бо гузашти ду моҳ инҷониб аз пайдоиши коронавирус табибон ваксинаи онро пайдо карда наметавонанд. Ню — Йорк штати (иёлати) калонтарин ва қалби Амрикост, ин ҷо гирифторони коронавирус босуръат меафзоянд. Аслан дар ин штат элитаи мардум кору зиндагӣ мекунанд.
Ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ки бо истеҳсоли технологияи гаронбаҳо шуҳрат доранд, маҳз дар ҳамин ҷо ҷойгиранд. Президенти Амрико Доналд Трамп аз тасмими эълони карантин дар ин ҷо даст кашид, зеро раҳбарони иёлат мухолифат карданд. Доналд Трамп гуфт, Комиссияи ҳукуматии махсуси мубориза бо коронавирус тавсия додааст, ки дар Ню — Йорк карантини саросарӣ эълон нашавад. Теъдоди беморон то 1-уми апрел дар Амрико ба 188530 ҳазор нафар расидааст.
Инчунин, Трамп дар саҳифааш дар Твиттер навишт, Маркази пешгирӣ ва назорат бар бемориҳо дар Амрико ба ҷойи карантин дар Ню — Йорк, Ню — Ҷерси ва Коннектикат тавсияи қатъие дар бораи кам кардани рафтуомад содир мекунад. Пештар аз ин Доналд Трамп гуфта буд, барои монеъ шудан ба густариши босуръати коронавирус дар Амрико шояд дар Ню — Йорк, ки тақрибан нисфи бемориҳои КОВИД-19 сабт шудаанд ва ҳам дар қисме аз Ню — Ҷерси ва Коннектикат карантин эълон мекунанд. Аммо Эндрю Куомо, раиси иёлати Ню — Йорк ва Нед Ламонт, раиси иёлати Ню — Ҷерси гуфтанд, ки эълони карантин метавонад сабаби воҳима шавад ва ба бозорҳои молӣ зиёни калон расонад. Бадтар шудани вазъият дар Амрико сабаб шуд, ки 27-уми март Доналд Трамп барномаи 2 триллион долларии кумак ба иқтисоди кишварро имзо кунад. Ӯ, ҳамчунин, ба ширкатҳои мошинсозии Амрико дастур дод, ки дастгоҳҳои нафаскашӣ истеҳсол кунанд. Ба Вазорати дифои Амрико амр дода шуд, ки сарбозони собиқ ва аъзои Горди миллиро ба хидмат баргардонад.
Гуттериш нигарон аст
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз эҳтимоли ҷон бохтани миллионҳо нафар, бинобар бемории коронавирус, ҳушдор дод. Ӯ гуфт, кишварҳо ба ҷои мустақилона амал кардан, бояд фавран ба як стратегияи ягона ва ҳамоҳангу шаффоф рӯй оранд. Антонио Гутерриш, 19-уми март гуфта буд, ки ҳамбастагии ҷаҳонӣ танҳо як масъалаи ахлоқӣ нест, балки таъминкунандаи манфиатҳои ҳама аст. «Агар бигузорем вирус монанди як сӯхтори аз контролбаромада паҳн шавад, ба вижа дар кишварҳо ва минтақаҳое, ки бештар дар рӯ ба рӯи таҳдид қарор доранд, миллионҳо нафар ҷони худро аз даст хоҳанд дод». Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид афзуд, бидуни як вокуниши якпорча наметавонад пеши ин ваборо гирифт. Ӯ гуфт: «Бояд ҳамин ҳоло аз ин вазъияте, ки ҳар кишвар стратегияи тандурустии худашро пай бигирад, дурӣ кард ва роҳеро пайгирӣ намуд, ки ҳамоҳанг ва шаффоф бошад ва ба кишварҳое, ки барои муқобила бо он камтар омода ҳастанд, кумак намуд». Ҳамчунин, Гутерриш хостори ҳимоятҳои иқтисодӣ аз афроди табақаҳои нодор ва миёна, кормандон ва коркуноне, ки даромади камтар доранд, шудааст.
Таъсири коронавирус ба Тоҷикистон
Тоҷикистон як ҷузъи ҷудонавандаи ҷомеаи башарист. Пӯшида нест, ки кишвари мо бо аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ дорад. Сармоягузорони хориҷӣ низ дар кишвар кам нестанд. Баъд аз доман паҳн кардани вируси марговари коронавирус аксари кишварҳо сарҳадҳои миёни худро бастанд. Фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, қатораҳо муваққатан қатъи фаъолият карданд. Тоҷикистон низ барои пешгирӣ аз коронавирус сарҳадоти худро бо кишварҳои ҳамсоя баст. Коршиносон вазъияти баамаломадаро манфӣ арзёбӣ мекунанд. Зеро ин метавонад, дар баробари ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистонро низ зарбаи ҷонкоҳ расонад. Махсусан, ин дар коҳиши содироти маҳсулот, вориди асъори хориҷӣ ва омадани сайёҳон ба Ватан мегардад. Ҳатто аллакай зарбаи коронавирус ба меҳмонхонаҳои Тоҷикистон зарба расонд. Меҳмонхонаи 5-ситораи Hilton Dushanbe хабар дод, ки аз 1 апрел ба сабаби паҳншавии коронавирус, қатъи парвозҳо ва кам шудани муштарӣ фаъолияташро муваққатан боз медорад. Павел Йиндра, менеҷери кулли Hilton Dushanbe дар саҳифаи ин меҳмонхона дар Фейсбук навишт: «Мо тасмим гирифтем, ки аз 1 апрели соли 2020 то эълони баъдӣ фаъолияти меҳмонхонаро муваққатан боздорем ва мутаассифона, дигар дархостҳои шумо барои иҷора ва баргузории чорабиниҳоро қабул карда наметавонем. Дар раъси бартариҳои мо амнияти меҳмонон ва кормандони мо қарор дорад». Павел Йиндра навишт, ки маъмурияти меҳмонхона таҳаввулоти пиромуни паҳншавии коронавирус ва азсаргирии парвозҳо ва фаъолияти ширкатҳоро пайгирӣ мекунад ва «баробари нахустин аломатҳои беҳтар шудани вазъият мо ҳатман аз шурӯи дубораи фаъолияти худ шуморо хабардор карда, хушнуд хоҳем шуд, то шуморо боз дар меҳмонхонаамон бубинем». Аммо бархе корхонаҳои нассоҷии кишварро ин вирус як нав бедор кард. Қаблан ниқобҳо ба Тоҷикистон аз Чин ворид мешуд. Ҳоло баъди коронавирус ва баста шудани марз бо Тоҷикистон корхонаҳои ватанӣ вазифадор шуданд, ки дар дохил истеҳсоли онро ба роҳ монанад. Ҳоло дар дорухонаҳои Душанбе, дарёфти ниқобҳои чинӣ кори осон нест ва дар ин нуқтаҳо ба харидорон ниқобҳои тиббии тавлидоти дохилӣ пешниҳод мешаванд. Айни замон даҳҳо корхонаи дӯзандагии хурду бузург дар Тоҷикистон ба омода кардани ниқобҳои тиббӣ машғуланд. Бино ба иттилои мақомоти тандурустӣ, ин коргоҳҳо дар як рӯз аз 5 то 30 ҳазор ниқоби тиббӣ истеҳсол мекунанд. Корхонаи дӯзандагии «Ёқут 2000»- ум тавлиди ниқоби тиббиро дар пайи афзоиши хабарҳо аз густариши коронавирус шурӯъ кард. Ин коргоҳ, ки маъмулан либосҳои ҳарбӣ омода мекунад, нахуст барои беш аз 300 корманди худ ниқоби тиббӣ омода кард. Ҳоло расман дар Тоҷикистон гирифторони коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо сохторҳои марбута чораҳои пешгирикунандаро дар ин самт пурзӯр мекунанд. Ваъзи минбаъда чӣ мешавад, вақт нишон медиҳад.
Усмон Раҳимзода,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ