Буҷети давлатӣ барои соли 2023 барзиёд қабул шуд
Даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023-юм 37,1 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Барои ин лоиҳаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025 қабул карда шудааст.
Аз маблағи умумии пешбиншуда 4,1 млрд ё 12,3 фоиз нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад. Қисми хароҷоти он 38,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 4,5 млрд ё 13,03% нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад.
Лоиҳаи барои соли оянда пешниҳодшуда ҷиҳати татбиқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат дар самти таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии берунӣ ба он, тараққиёти соҳаҳои воқеӣ ва инфрасохторӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ