Буҷети Тоҷикистон боз иҷро нашуд

Буҷети Тоҷикистон барои ниммаи якуми соли равон пурра иҷро нагардид.

Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, дар ин давра ба буҷет 8 млрд. 244,2 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин ба 98,9 %-и нақша баробар аст. Дар Вазорати молия сабабҳои иҷро нашудани буҷетро шарҳ надоданд, аммо мегӯянд дар нимсолаи аввал ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон низ ба андозаи 2,8 % коҳиш ёфт.

Дар моҳҳои январ-июн гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 1939,1 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 фоиз ё 56,6 млн. доллар кам мебошад.

Бино ба иттилои расмӣ, содирот ба андозаи 4,4 % зиёд шуда, воридот бошад, 4,8 % коҳиш ёфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *