Буд набуди камонварӣ: Зебуннисои сонӣ кай ба майдон меояд?

Вазъи ҳозираи варзиши камонварӣ дар Тоҷикистон афсонаи халқиро бо сарҷумлаи «Буд набуд…»-ро ба ёд меорад.

Буд дар солҳои 70-уми замони Шӯравӣ, дар паси кӯҳи Қоф, камонвардухтари тоҷик Зебуннисо, ки баъди дар арсаи ҷаҳон дар байни ҳамаи бонувони камонвари дунё ангуштнамо гардидан ӯро ҳамшабеҳи «духтари Рустам» (манзур ба Рустами Достони ҳаким Фидавсӣ) муаррифӣ мекарданд. Буд Зебуннисо Рустамова — ифтихори варзиши тоҷик, Устоди дараҷаи байналхалқии варзиш, довари хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои XXI тобистонаи олимпии Монреал – 1976 дар Канада ).

Гӯё афсона мегӯяд, ки  Зебуннисо аз бародараш Ҳомидҷон ва тағояш Абдуқодир фаҳмид, ки дар варзишгоҳи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шуъбаи нави варзиши  тирпаронӣ аз камонро ифтитоҳ кардаанд. Духтар қарор дод, ки дар ин намуди варзиши ниёкон қувваи худро санҷад, зеро аз корнамоии Гурдофарид ва Рустами Ял хуб огоҳ буд. Сафороии камонварон аҷаб зебою хотирмон ва пайконҳои ба нишонаҳо халанда  диққати ӯро ҷалб намуданд. Зебуннисо ба машқу тамринҳои дурудароз шурӯъ кард. Русдухтарони камонвар, ки дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Cоветии Сотсиалисти Тоҷикистон аксар аз онҳо мураттаб гардида буд, ба  ин тоҷикдухтари сабзина писхандомезу нописандона менигаристанд. Аммо аз рӯзҳои нахустин тоҷикдухтари мо бо суботу қатъият машқу тамрин карда, мураббию ҳамдастаҳояшро қоил кард.

З. Рустамова мусобиқаи аввалинашро дар шаҳри Тулаи Русия бомуваффақият гузаронд ва дар мусобиқаҳои умумииттифоқии камонварони ҷамъияти «Динамо», ки дар шаҳри Сухумии Абхазия баргузор гардид, ӯ меъёри Устоди варзиши ИҶШС-ро иҷро кард. Дар мусобиқаи умумииттифоқии шаҳри Кишинёв дар масофаи 50 метр Зебуннисо ҷоизаи нуқраро ба даст овард, дар масофаи 70 метр бошад, дар муборизаи шадид медали тиллоро соҳиб шуд. Дар Алушта ҳамаи пайконҳои ӯ ба маркази ҳадаф расида,  меъёри Устоди варзиши дараҷаи байналхалқиро сазовор шуд. Комёбии дар миқёси кишварамон беназири Зебуннисо Рустамова ҷойи сеюм ва медали биринҷии олимпиро расо 40 сол мешавад, ки ягон варзишгари дигари тоҷик такрор намояд.

Оре, камонвар Зебуннисо Рустамова чунин буд ва чунин мемонад. Вале дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ӯ натавонист аз худ як шогирди муносиби ҷойгирандаи худро тарбия намуда, ба бозиҳои олимпӣ роҳбалад шавад. Сабабҳои ин мавзӯи мақолаи таҳлилию таҳқиқии алоҳида аст. Ин Устоди нотакрор то охирин имконият тарғибгари ҳаракати олимпӣ ба сифати раиси Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон буд. Чанде пеш ӯ аз ин вазифаи ҷамъиятӣ низ даст кашида, зимоми ҳаракати олимпиро ба Мавзуна Чориева супурд.

Буд набуди мо дар бораи аҳволи камонварии миллӣ давом дорад. Ба гуфтаи хабарнигори  телеканали «Мир-24» Зарина Абдуназарова имрӯз камонварӣ дар Тоҷикистон рӯ ба рушд овардааст. Варзишгарони таҳҷойӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ малакаю таҷрибаи хуб пайдо намудаанд, ба маҳфили камонварон мактаббачаҳои хоҳишманд кам нестанд.

 Камонварӣ варзишест, ки ба синну соли варзишгар  нигоҳ намекунад.

 Камонварони ҷавон Сарвара Каримоваю Аниса Замирова машқу тамрин ва мусобиқаҳои дугонаю наздикони худро тамошо карда, беихтиёр ба маҳфил аъзо шуданд. «Ба мо ин намуди варзиш хеле писанд омадааст, — мегӯянд онҳо. – Камонварӣ варзиши зебопарастон будааст». Имрӯз ҳарду онҳо барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳти омӯзишу тамринҳои Мураббии шоисти Тоҷикистон Махфират Алиева омодагӣ

мебинанд.

Мураббиён ибро доранд, ки дар замони шӯравӣ ба камонварӣ беш аз 500 нафар шавқу рағбат доштанд. Имрӯз ба он ҳамагӣ 50 нафар машғул ҳастанд. Бо ин аҳвол пайравони чемпиони ҷаҳон, ҷоизадори олимпӣ Зебуннисо Рустамова ва олимпичӣ Гавҳар Пӯлодоваро тайёр кардан ниҳоят мушкил аст.

Мактаби камонварон ҳамоно ҷойи алоҳидаи худро надорад. Ба мисли пешин дар саҳни мактаби ҷумҳуриявии қаиқронӣ дар майдончаи худсохти паси анборхонаи муассисаи мазкур дар таги офтоби тобистон ва барфу боронҳои зимистону баҳор машқҳо мегузаронанд.

-Барои ба камонварӣ бештар ҷалб кардани хоҳишмандон мо камон хеле кам дорем, — мегӯяд Мураббии шоистаи Тоҷикистон Махфират Алиева. – Ҳарчанд машқу тамринҳоро барои аъзои маҳфил ройгон гузаронем ҳам, волидон маҷбуранд, ки барои харидани ҷиҳози варзишии фарзандон маблағе харҷ намоянд. Он ҷиҳозу асбобе, ки мо дорем, 30 сол боз истифода мешавад ва ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй нестанд. Камону пайконҳо имрӯз хеле қимат шудаанд. Ҷиҳози мукаммали камонварӣ барои шогирдон беш аз 300 доллар арзиш дорад. Барои иштирок дарсатҳи   байналмилалӣ зиёда аз 2000 доллар маблағ лозим аст. Мо ин имкониятро кай пайдо мекунем, намедонам. Бинобар ин, мо ҳеҷ гоҳ аз назорати комиссияи техникии мусобиқоти байналмилалӣ намегузарем.

Варзишгари ҷавон Наримон Қобилов мгӯяд, ки «камонварӣ намуди пурқимати варзиш аст. Дар Тоҷикистон камону пайкони хушсифатро пайдо карда намешавад, танҳо аз хориҷи дастрас намудан мумкин аст».

Мутахассисон ба буд набуди камонварӣ тоқат карда, умед доранд, ки таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба он афзоянда аст. Маҳфилҳои ройгон ин қадами нахустин барои рушди камонварӣ мебошад. Хатмкардагони маҳфил аллакай дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ши ркат меварзанд. Бунёди лукодром – варзишгоҳи камонварӣ дар назар аст. Масъалаи асосӣ ба маблағгузорӣ вобаста аст. Дар ин кор метавонанд сарпарастон саҳм гузоранд.

Эмоми НАЗАРИЁН,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *