Бухгалтери ДИИШ дар ошхонаи “Самарқанд” дастур мегирифту дастур медод…

Алҳол онҳо дар курсии ҷинояткорӣ чор нафар нишастаанд. Аммо гурӯҳи онҳо камаш иборат аз  даҳ нафар буд. Аксаран дар Русия. Ромиш Бобоев  низ ба ин маризӣ дар ин кишвар гирифтор шуд.


Ӯ як тоҷири нисбатан муваффақ ба шумор мерафт  ва то замоне, ки бо  Салоҳиддин –гумоштаи Давлати исломӣ дар Русия вонахӯрд, на парвои  ба ном «Давлати исломӣ» дошту на парвои ҳолати молиявии он. Аммо вохӯрӣ бо Салоҳиддин тарзи зиндагии ӯро дигар кард ва Ромиш ба қавли пайравони равияи салафия ва ҳаводорони давлати бо ном “исломӣ” (фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ аст) ба ин “давлат” байъат кард. Яъне, худро шомили ин давлате, ки дар ҳазорон хунрезиҳо гунаҳгор асту имрӯз ҳам ба ин кори худ идома медиҳад, ҳисобид. Минбаъд  ӯ ҳамроҳи аъзоёни гурӯҳи худ, ки дар атрофи шаҳри Маскав амал мекард, бо ҷамъоварии маблағ барои ДИИШ ва онҳое, ки ба ин ҳаракат мепайванданд, машғул шуд. Гурӯҳ бо ин мақсад аз ягон амали зиддиқонунӣ даст намекашид ва маҳз бо  ёрии аъзои он Саидов Акбарљон, Муњаммад, Абдурањмон — шањрвандони Љумњурии Ӯзбекистон, Зелимхан — шањрванди Љумњурии Чеченистон ва Абдулло -шањрванди Љумњурии Доѓистони ФР маблағҳои зиёд ҷамъ шуда, баъдан бо роҳҳои гуногун ба Сурия, ба ДИИШ фиристода мешуд ва ё роҳкирои “диишчиёне” , ки сафари Сурия карданӣ буд, мегардид. Ромиш, ки дар кори савдо ва додугирифти молиявӣ соҳибтаҷриба буд, дар ин гурӯҳ як навъ нақши “бухгалтер-ҳисобчӣ”-ро иҷро мекард. Ромиш пас аз “байъат”  боз ҳамчун вазифаи иловагӣ ҷалби ҷавонони бетаҷрибаро, ки аксаран дар сар ҳавои осон  ба даст овардани маблағро доштанд, ба сафи ин “давлат” ба уҳда гирифта буд. Ӯ аз моҳи январи соли 2015 то августи ҳамон сол  якҷоя бо  аъзои дигари гурӯҳ  Саидов Акбарљон ва Азимов Отабек  чор шаҳрванди Тоҷикистонро ба доми худ кашида, аз Русия ба Туркия ва аз он ҷо бо кумаки боз як шаҳрванди Тоҷикистон “Қорӣ Дарвеш” ба Сурия фиристода шуданд. Баъдан ин гурӯҳ  дар ошхонаи “Самарќанд”, ки дар истгоњи “Тёплий стан”-и шањри Маскваи Федератсияи Русия воќеъ аст, бо роњбари гурўњи “Давлати исломї”  шањрванди Љумњурии Тољикистон бо номи Салоњиддинро бо тахаллуси “Лезгин” вохӯрданд ва  аъзои дигари ин гурўњ Ромиш  Бобоев, шањрвандони Љумњурии Ӯзбекистон Муњаммад, Абдурањмон, шањрванди Љумњурии Чеченистони Федератсияи Русия Зелимхан ва як шањрванди номаълуми Љумњурии Доѓистон ба хулосае омаданд, ки фаъолияти минбаъдаи террористии худро дар ҳудуди Федератсияи Русия ва Тоҷикистон идома диҳанд ва ДИИШ-ро бо сарбоз ва маблағ таъмин намоянд ва ин корро то замони ба даст афтодан идома доданд.

“Корнамоиҳои” Ромиш ва чанд  нафар ҳаммаслакони ӯро дар як мақолаи ҳаҷман хурд ҷой додан душвор аст.  Алҳол танҳо  ҳаминро гуфтанием, ки  мувофиқ  ба ҳукми суди ноҳияи  Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  Бобоев Ромиш, зодаи деҳаи Артучи Панҷакент, ба муддати 16 сол, Азимов Отабек ба муҳлати 14 сол,  Исмаилов Абдурањмон Њамрабоевич ба муњлати 3 сол ва Суванов Хуршед 3 сол бо адо намудани љазо дар колонияњои ислоњии дорои низомаш умумї ҷазо  таъин карда шуд. Се нафари охирин зода ва сокинони шаҳри Турсунзода мебошанд.

Ҷ. Ширинзода,

 судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри  Душанбе.

 

P.S. Оид ба ҳар як ҳолати ба амал омадани ҷиноят аз ҷониби Ромиш  ва ҳамақидаҳояш дар яке аз шумораҳои наздиктарин “Тоҷикистон” очерки судиро мутолиа хоҳед кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *