Булғористон низоми таҳсили ОМ-ро дигар мекунад

Дар Донишгоҳи Руссеи ба номи Ангел Кончеви Ҷумҳурии Булғористон нахустин вохӯрии шарикони лоиҳаи «Навсозии низоми таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути технологияи муосир» оғоз гардид. Дар кори он муовинони вазирони маориф ва илм ва намояндагони 15 донишгоҳ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Италия, Люксембург ва Португалия иштирок доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин  ҷаласаи сатҳи байналмилалӣ муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ва намояндагон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев намояндагӣ доранд.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкур омӯзиши таҷрибаи корӣ дар самти навсозии низоми таҳсилоти олӣ, роҳҳои дуруст истифода бурдан аз воситаҳои коммуникатсионӣ ва технологияи нав дар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар назар аст, ки пас аз анҷоми ҷаласа дар ҳар як донишгоҳи  Осиёи Марказӣ марказҳои технологияҳои инноватсионии таҳсилот бо модели «Ru.» таъсис дода шаванд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамоиш то 15 марти соли равон идома хоҳад ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75

Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *