“Булбули Ҳиндустон” дар 92-солагӣ даргузашт
Яке аз овозхонҳои маъруфи синамои Ҳинд Лата Мангешкар дар Мумбай дар синни 92-солагӣ даргузашт.
Бино ба иттилои Russian.rt.com, ҳунарманд дар як беморхонае дар Мумбай, ки бо нишонаи бемории коронавирус интиқол ёфта буд, дуёро падруд гуфт.
Гуфта мешавад, ки Мангешкар яке аз рамзҳои санъат буд ва ӯро “Булбули Ҳиндустон” ном мебурданд. Ӯ давоми зиндагии хеш барои филмҳои зиёди ҳиндӣ бо зиёда аз 30 лаҳҷаи ҳиндӣ таронаҳо иҷро кардааст. Барандаи бузургтарин ҷоизаҳои байналмилалӣ дар арсаи овозхонӣ ҳам будааст.
Аз маҳбубтарин ва дӯстдоштатарин филмҳое, ки Лата Мангешкар овозхонӣ кардааст, «Овора», «Ҷаноби 420», «Бобби», «Интиқом ва қонун», «Ганг, обҳоят тира шуданд» мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ