Бунгоҳи тиббӣ дар вагон. Наздики 50 маркази саломатӣ дар Хатлон харобанд!
Феълан дар вилояти Хатлон кам не, 48 бунгоҳ ва маркази саломатӣ садамавӣ, таъмирталаб ва дар ҷойҳои номувофиқ ҷойгиранд. Илова бар ин, дар бисёре аз деҳаҳои навбунёд ҳанӯз бунгоҳи тиббӣ мавҷуд набудааст.
Сокинони деҳаҳои Лолазор 1 ва Лолазор 2-и ноҳияи Вахш мегӯянд, ки “деҳаи мо ҳанӯз бунгоҳи тиббӣ надорад. Дар деҳаи Лолазор 1 аз ноилоҷӣ вагонеро ҳамчун бунгоҳи тиббӣ истифода мекунанд. Як бунгоҳ бояд сохта мешуд. Вале бо бардоштани чор девор солҳо боз касе барои ба охир расидани сохтмонаш талош намекунад. Бо вуҷуди гузаштани 30 сол аз замони соҳибитиқлолии Тоҷикистон, ҳанӯз касе аз масъулини ноҳияи Вахш чандон ба ҳоли мо таваҷҷуҳ намекунанд”.
Шералӣ Нуров, роҳбари Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш хилофи гуфтаҳои сокинон афзуд, ки дар деҳоти Лолазор 1 ва 2 сохтмони бунгоҳ идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, танҳо боми бино мондаасту халос. Сохтмон дар дихили бино рафта истодааст.
Дар ҳамин ҳол, сокинон иддао карданд, ки девори бунгоҳ солҳо боз бо ҳашар бардошта шудааст. Вале на боми бино пӯшонида шуду на дар дохили иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд. Онҳо аз он нигаронӣ карданд, ки “роҳбари КАТС-и ноҳия иваз шуд, аммо то ҳол боре ба деҳаи мо наомадааст, то аз мушкиламон огоҳ шавад”.
Шералӣ Нуров тасдиқ кард, ки ҳанӯз ба деҳаҳои Лолазор 1 ва 2 нарафтааст. “Барои онҷо рафтан қариб як шабонарӯз лозим. Аз кор мемонем. Муовинон низ нав таъин шудаанд. Барои ҳамин, то ҳол ба он деҳаҳо нарафтаанд. Ваде бунгоҳҳои тиббӣ дар ояндаи наздик сохта мешаванд. Нақшаҳо зиёданд”,- гуфт вай.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки “як маркази саломатии садамавӣ низ дорем. Дар ин марказ ҳамарӯза то ба 20 нафар хизматрасонии тиббӣ карда мешавад. Вале бино садамавӣ аст. Хулосаи идораҳои дахлдорро интизорем, то фаъолияти биноро қатъ кунем”.
Маълум шуд, ки бинои маркази саломатии деҳаи Чорбоғ садамавӣ аст, вале кор дар он идома дорад. Бехатарии кормандон ва сокиноне, ки ба ин маркази садамавӣ меоянд, чӣ гуна таъмин мешавад?
Мутаассифона, ба ин суол ҳамсуҳбати мо ҳеҷ посухе гуфта натавонист.
Ҷӯрабой Саидов, муовини сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо “Тоҷикистон” гуфт: “Роҳбари КАТС-и ноҳия бояд давоми ду моҳи фаъолияти роҳбарияш рафта аз вазъият аз наздик шинос мешуд. Намедонам чаро нарафтааст. Мо ҳам огоҳ набудем. Акнун дар наздиктарин фурсат ба деҳаҳои Лолазор 1 ва 2 хоҳем рафт”.
Ӯ мегӯяд, ки дар вилояти Хатлон мушкилоти таъмирталабу садамавӣ будани бунгоҳу марказҳои саломатӣ дар ноҳияи Вахш бештар аст. “Вале бо амалишавии “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” ин камбудиву мушкилиҳо ба пуррагӣ бартараф карда мешаванд”,- таъкид кард вай.
“Дар вилояти Хатлон 48 бунгоҳу марказҳои саломатӣ таъмирталабу садамавӣ буда, боз чанд муассисаи дигар дар иншооти номувофиқ ҷойгиранд. Дар ноҳияи Вахш 13 бунгоҳу марказҳои саломатӣ ба талабон ҷавобгӯ нестанд. Ҳолати чанде аз муассисаҳои тиббӣ солҳои пеш ташвишовар буд. Вале бо афзудани суръати корҳои сохтмонӣ каме вазъ беҳтар шуд”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Вале ин ваъдаҳо амалӣ мешаванд ё не!?…
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ