Бунёди 14 муассисаи таълимӣ дар Шаҳритус
Дар ноҳияи Шаҳритус ба хотири истиқбол аз 35 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар 14 муассисаи таълимӣ бунёд мешавад. Мувофиқи нақша дар муассисаҳои таълимӣ аз 240 то 640 ҷойи нишаст дар як бас пешбинӣ шудааст.
Суҳробшоҳ Саидраҳмонов, мудири шуъбаи маориф дар ноҳияи Шаҳритус дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки аллакай 4 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ӯ мегӯяд, дар арафаи таҷлил аз Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 3 муассисаи таълимии дигар ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин дар арафаи соли нави хониш 29 синфхонаи иловагӣ мавриди истифодаи хонандагону омӯзгорон қарор гирифт, — афзуд вай.
«Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар 7 муассисаи таълимии дигар бо маром идома дорад. Муассисаҳои таълимӣ марҳила ба марҳила то 35 солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат ба истифода дода мешаванд».
Суҳробшоҳ Саидраҳмонов мегӯяд, баъди пурра ба охир расидани корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 3500 ҷойи нишаст дар як бас ташкил мешавад, ки ин дар беҳтар шудани сифати таълим мусоидат мекунад. Ба таъкиди вай дар бунёди иншооти мавриди назар соҳибкорону шахсони саховатманд саҳм гузошта истодаанд. Ҳамунин дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус аксияи «Мактаби ман» ташкил кардем, ки ин иқдом ҳам дар сохтмони муассисаҳои таълимӣ нақши бузург гузошт, — афзуд ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ