Бунёди 164 корхонаи нав дар Суғд
Соли гузашта дар вилояти Суғд 164 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ таъсис ёфтанд. Қисми зиёди корхонаҳо дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меоянд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод.
“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2023 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 120,1 фоизро ташкил кард”, — гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Ба иттилои раис, корхонаҳои саноатии вилоят тавонистанд, ки дар ин давра беш аз 250 намуди маҳсулоти саноатиро истеҳсол кунанд, ки бештар маҳсулоти воридотивазкунанда аст.
Корхонаҳои саноатии вилоят дар ин давра меваҳои тару тоза ва афшураҳо, нахи пахта, маҳсулоти маъданӣ ва ғайра ба дигар давлатҳо содирот кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ