Бунёди 180 иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Дӯстӣ
Ба хотири истиқболи шоиста аз 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Дӯстӣ сохтмони беш аз 180 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Танҳо дар соли 2023-юм 156 бинову иншоот сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Аз шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Дӯстӣ ба Pressa.tj гуфтанд, ки дар доираи 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 181 иншооти таъиноти гуногун дар назар аст.
Ба иттилои расида, бунёди 30 иншоот дар соҳаи маориф, 15 иншооти тандурустӣ ва 10 километр роҳу боқимонда иншооти таъиноти гуногун дар назар аст.
Ҳамчунин, дар доираи эълон гардидани панҷсолаи рушди саноат дар мамлакат, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Дӯстӣ бунёди 28 коргоҳу корхонаи гуногуни истеҳсолӣ пешбинӣ гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ