Бунёди 232 корхонаи саноатӣ дар Хатлон
Давоми соли сипаришудаи 2018-ум дар вилояти Хатлон 69 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бунёд шуда, 955 нафар ба ҷойи кор таъмин гаштаанд.
Корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ дар соли 2018 ба 6,7 милиард сомонӣ расониданд. Ин нишондод дар муқоиса ба соли 2017-ум ба қадри 838 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Тибқи иттилои дастрасшуда то ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон боз бунёди 232 корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.
Умуман, давоми се соли оянда дар вилояти Хатлон бунёди 6 ҳазор иншооти гуногун сохта мавриди истифода қарор мегирад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ