Бунёди 42 муассисаи таълимӣ бо 70 ҳазор ҷойи нишаст дар Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ зимни ҳисобот дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат гуфт, ки соли 2023 дар пойтахт 6 муассисаи таълимӣ барои 10 ҳазору 300 ҷойи нишаст ва 3 муассисаи томактабӣ барои беш аз 410 ҷой сохта, ба истифода дода шуд.

“Дар 7 соли охир 42 муассисаи таълимӣ бо 70 ҳазор ҷойи нишаст ва 22 муассисаи томактабӣ барои беш аз 3 ҳазор тарбиятгиранда бунёд гардид”- изҳор дошт раис.

Гуфта шуд, ки ҳоло дар Душанбе сохтмони боз 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 28 ҳазор ҷойи нишаст ва 55 муассисаи томактабӣ барои 10 ҳазор тарбиятгиранда идома дорад.

 Соли 2024 ба истифода супоридани 5 муассисаи таълимӣ бо 6400 ҷойи нишаст дар як баст ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *