Бунёди 5 маркази логистикӣ дар Тоҷикистон
То соли 2025 қарор аст, дар Тоҷикистон 5 маркази логистикӣ бунёд шавад.Ин иқдом ба афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат хоҳад кард.
Зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон аз маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон истифода мебаранд. Дар ин бора ба Pressa.tj аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, аз ҳаҷми умумии маҳсулот 92 дарсади он ба кишварҳои ИДМ расонида мешавад, ки бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон имсол бори аввал ба хориҷи кишвар тухм ва гӯшти мурғ содир карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ