Бунёди 50 синфхонаи иловагӣ дар Хуросон

  Феълан дар ноҳияи Хуросон сохтмони се бинои иловагӣ дар назди се муассисаи таълимӣ идома дорад. Баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ 30 синфхонаи таълимӣ зиёд мешавад.

  Исроил Қурбонзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон афзуд, ки бо зиёд шудани шумораи хонандагон ва ба хотири боз ҳам беҳтар кардани шароити таълим сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бештар карда шуд.  Ӯ мегӯяд, иншооти мавриди назар бо дастгирии ҳукумаки кишвар, Бонки рушди исломӣ, Вазорати маориф ва илм ва саҳми мақомоти маҳаллу сокинон сохта хоҳанд шуд.

«Бо ҳатмӣ шудани таҳсили хонандагони синфҳои 10 ва 11 зарурат ба синфхонаҳои иловагӣ бештар шудааст. Бо вуҷуди ин ҳамасола шумораи хонандагон аз ҳисоби синфҳои якум меафзояд. Барои ҳамаи ин ҷойи нишаст лозим аст. Аз ҳамин сабаб дар назди санд муассисаи таълимӣ каму беш 50 синфхонаи иловагӣ сохта мешавад».

 Алишер Асадуллоев, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Хуросон ба Pressa.tj гуфт, ки дар маҷмӯъ сохтмони 10 иншооти соҳаи маориф идома дорад. Ӯ мегӯяд, иншооти зикршуда аз бинои алоҳида то синфхонаҳои иловагӣ иборат мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *