Бунёди бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб
Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб оғоз бахшида шуд. Бино бо харҷи 18 миллион сомонӣ бунёд мешавад.
Тавре ба Pressa.tj аз Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд, лоиҳакаши иншооти мавриди назар Ҷамъияти дорои масъулити маҳдуди “Аркон” буда, фармоишгар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин иншоот дар доираи истиқболи шоиста аз 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар сохта хоҳад шуд.
Иншооти мавриди назар 5-ошёна буда, аз таҳхона, ҳуҷраҳои техникӣ, лаборатория барои обу ҳавосанҷӣ, осорхона, утоқҳои корӣ ва китобхона иборат аст. Феълан барои сохтмон мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ҷалб шуда, бинои Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб сентябри соли 2023, дар таҷлили 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Бояд гуфт, ки дар рӯзи аввали оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти мавриди назар Қурбон Ҳакимзода — раиси вилояти Хатлон, Шерализода Баҳодур — раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Кӯлоб Бахтиёр Назарзода иштирок кардаанд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ