Бунёди боғу токзори нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (аудио)
Зимни боздиди кории раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат дар Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат» дар 5 гектар боғи интенсивии зардолу ва шафтолу бунёд хоҳад шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин муассиса, ки соли 2008 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, беш аз 630 гектар масоҳат дорад, асосан боғ ташкил шудааст.
— Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва риояи пурраи маданияти истифодабарии замин парвариши зардолу, шафтолу, себ, гелос, олу, ток ва дигар навъи дарахтони мевадиҳандаро ба роҳ мондаанд. Бо истифода аз таҷрибаҳои мавҷуда боз 5 гектар боғҳои нави интенсивӣ ташкил карда мешавад, ки бешак барои зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон дар Корхонаи давлатии комунналии «Палос»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 50 гектар токзори нав бунёд гардида, парвариши навъҳои гуногуни ангур ба роҳ монда хоҳад шуд. Айни замон корҳои омодагӣ барои бунёди токзор идома дошта, ин иқдом низ ҷиҳати истифодаи самарноки замин ва ташкили боғу токзори нав роҳандозӣ гардида истодааст,- меафзояд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2021 тибқи нақша дар вилоят бунёди 170 гектар боғ ва 18 гектар токзор пешбинӣ гардида, дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии вилоят 774 гектар боғ ва 26 гектар токзори нав бунёд карда шудааст, ки нисбати нишондоди пешбинишуда мутаносибан 4,6 ва 1,4 баробар зиёд мебошад. Дар доираи барномаҳои соҳавӣ барқароркунии 700 гектар боғ ва 72 гектар токзор назардошт шуда, амалан дар масоҳати 1280 гектар боғ ва 72 гектар токзор барқарор карда шудааст, ки мутаносибан 182,9 ва 100,0 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ