Лубан

Бунёди бузургтарин маркази озмоишӣ дар ДТТ

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ соҳиби муосиртарин маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – Устохонаи Лубан шудааст.

Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 1-уми феврал иттилоъ дод, ки ин маркази замонавӣ соли гузашта дар факултети сохтмон ва меъморӣ ифтитоҳ ёфт.

“Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ пайваста дар самти татбиқи техника ва технологияҳои муосир, инчунин, барномаҳои нав дар раванди таълим чораҳои муассир роҳандозӣ менамояд. Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд як қатор лоиҳаҳо амалӣ гардиданд, ки дар натиҷа озмоишгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсолии ба номи Исмоил Ҷазерӣ, озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон, озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ ва 5 маркази таълимии инноватсионӣ бунёд карда шуда, татбиқи дигар лоиҳаҳо давом доранд”,- изҳор дошт ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода.

Ба таъкиди ректор, акнун омӯзгорони донишгоҳ дар чунин марказҳо имкон доранд, ки  раванди таълимро дар асоси технологияҳои зеҳнӣ ва иттилоотию коммуникатсионии муосир ба роҳ монанд.

Устохонаи Лубан бренди ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф ва илм мебошад. Устохонаи Лубан дар Тоҷикистон ба номи ҳунарманд, муҳандис ва ходими барҷастаи ҳарбиву давлатии Чин, ки 2500 сол пеш зиндагӣ кардааст, номгузорӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *