Бунёди Навалний экстремистӣ эълон шуд

Дар саҳифаи Навалний, ки худи ӯ ҳоло дар зиндон аст, баъди поёни мурофиа навишта шудааст, «аз ҳадаф ва идеяҳои худ даст намекашем. Ин ватани мост ва мо ватани дигаре надорем».

Суди шаҳри Маскав шоми 9-уми июн Бунёди мубориза бо коррупсияи Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифин, ситодҳои ӯ ва созмони «Бунёди ҳимоият аз ҳуқуқи шаҳрвандон»-ро экстремистӣ эълом карда, фаъолияташонро дар ҳудуди Русия мамнуъ донист.
Дар қарори суд, ки бо дархости прокутураираи Русия содир шудааст, омада, ки ин созмонҳо бояд фавран фаъолияти худро қатъ намоянд.
Мурофиаи судодӣ беш аз 12 соат идома ёфт ва вакилони бунёди Навалний дар охир толорро тарк карда, гуфтанд, суд мустақил нест.
Ба гуфтаи вакили дифоъ Иван Павлов, ҷониби айбдоркунанда ваъдаи бунёдро, ки гуфта буд ҷаримаи иштирокдорони тазоҳуроти бидуни иҷозатро хоҳад пардохт, ҳамчун далели сармоягузории «фаъолиятҳои эксмтремистӣ» пешниҳод кардааст.
Парванда ба далели муҳри «махфӣ» доштани баъзе аз санадҳо пушти дарҳои баста баррасӣ шуд. Судя дар мурофиаи ахир ҳамаи дархостҳои ҷониби ҳимоятгарро рад кардааст.
Дар саҳифаи Навалний, ки худи ӯ ҳоло дар зиндон аст, баъди поёни мурофиа навишта шудааст, «аз ҳадаф ва идеяҳои худ даст намекашем. Ин ватани мост ва мо ватани дигаре надорем».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *