Бунёди парки технологӣ дар Ҷайҳун — мусоидат ба дасткашӣ аз вобастагии иқтисодӣ

Феълан ноҳияи Ҷайҳун аз буҷети ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон вобастагии иқтисодӣ дорад. Аммо тасмим аст, ки то соли 2024 ин ноҳияи аслан кишоварзӣ худкифо шавад.

Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун дар нишасти хабарӣ гуфт, ки “ҳоло 46 дарсади буҷети мо аз ҳисоби ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон вобастагӣ дорад”. Ӯ мегӯяд, ки “мо тасмим дорем бо сохта ба истифода додани як парки технологӣ ноҳияи Ҷайҳунро худкифо кунем. То соли 2024 ноҳияи Ҷайҳун аз вобастагии иқтисодӣ пурра берун мешавад”.

— Парки технологӣ сохта мешавад ва дар дохили он бунёди 10 корхона ба нақша гирифта шудааст. Бо амалӣ шудани ҳамин нақша ноҳияи Ҷайҳун то соли 2024 пурра аз вобастагии иқтисодӣ берун мешавад,- гуфт мавсуф.

Аз Раёсати молияи ноҳияи Ҷайҳун дар як суҳбати кӯтоҳ ба Pressa.tj гуфтанд, ки “ҳоло аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон 7 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 25 миллиону 600 ҳазор сомонӣ мегирем. Ин 46 дарсади буҷети ноҳияро ташкил мекунад. Боқимондаи буҷет аз ҳисоби андози ноҳия аст”. 

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *