Бунёди Саудии Рушд дар Шаҳринав мактаб сохт

Дар ноҳияи Шаҳринав як мактаби замонавӣ аз ҳисоби Бунёди Саудии Рушд сохта, ба истифода дода шуд. Дар ифтитоҳи расмии он раиси иҷроияи Бунёди Саудии Рушд Султон ибни Абдураҳмон ал – Маршад, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло ва Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибн Абдурраҳмон Аррашейдон иштирок карданд.

Мактабе, ки  дар ноҳияи Шаҳринав кушода шуд, иборат 36 синфхона бо наздик ба 620 ҷой мебошад.

Гуфта мешавад, ки ин кохи таълимӣ зимни марҳилаи чоруми тарҳи бунёди 34 мактаби миёна дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон бо маблағгузории Бунёди Саудии Рушд бо ҷудо кардани қарзи имтиёзнок ба маблағи 35 млн. доллар барои истифодаи тақрибан 25 ҳазор хонандагон сохта шудааст.

Дар маросими ифтиҳои мактаб раиси иҷроияи Бунёди Саудии Рушд иброз дошт, ки  “Аҳамияти таълим дар он аст, ки он рукни асосии омӯзиши талабагон, баланд бардоштани савияи истеъдодҳо, рушди малака ва омодасозии онҳо дар зиндагӣ баҳри саҳмгузорӣ дар рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, давлат дар барномаҳои рушд ба ҷавонони таълимгирифта такя мекунад.  Бунёди Саудии Рушд бо назардошти аҳамияти таълим тасмим гирифтааст соҳаи маорифи Тоҷикистонро дастгирӣ кунад, ҳамчунон ки ин фаъолиятро дар дигар кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар ҷаҳон анҷом медиҳад”.

Муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар навбати худ миннатдории худро ба Роҳбарияти Олии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои дастгирии рушди соҳаи маориф дар кишвар тавассути маблағгузории лоиҳаҳо ва барномаҳои рушд аз ҷониби Бунёди Саудии Рушд изҳор намуд. Номбурда иброз дошт, ки Бунёди Саудии Рушд чор лоиҳаи рушди соҳаи маорифро маблағгузорӣ кардааст, ки он 57 мактаби таҳсилоти умумиро дар чор марҳила ба маблағи умумии 75 млн доллар дар бар мегирад.

Ҳамчунин, маблағгузории лоиҳаҳо ва барномаҳои рушд, ки Бунёди Саудии Рушд ба Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб анҷом додааст, 12 қарзи имтиёзнок ба маблағи зиёда аз 193 млн. доллар барои иҷрои 12 лоиҳа ва барномаи рушд мебошад. Он ба рушди зерсохтори соҳаҳои тандурустӣ, маориф, таъмини об, дастгирии соҳаи нақлиёту коммуникатсия дар Тоҷикистон равона карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *